УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз, 15 апрел аз зодрӯзи яке аз шахсиятҳои бузурги илму фарҳанг, ходими намоёну барҷастаи давлатию ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ 131 сол пур шуд. Нақши устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик, бедории миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон бузург аст. Ба андешаи дотсенти кафедраи матбуоти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Пайванди Гулмуродзода, Садриддин Айнӣ бо таълифи асари таърихии худ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар соли 1926 дар бедории шуур ва ташаккули миллати тоҷик нақши бузург гузошт. Устод Айнӣ бо ҷасорат ва корнамоии фидоиёнаи худ тавонист ба рағми душманон дар он даврони барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ва ҳассос исбот созад, ки миллати тоҷик вуҷуд дорад ва яке аз халқҳои қадимаи ориёинажод ва дорои таъриху тамаддуни ҷаҳоншумул аст. Хизматҳои бузурги устод Айнӣ дар бедорию худшиносӣ, рушди илму фарҳанги тоҷик беназир аст. Асарҳои таърихии Айнӣ «Одина» (1924), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1934) ва дигар асарҳои таърихии нависанда, ки аз ҳаёти пурпечутоби халқи тоҷик, бедории шуури миллӣ ва худогоҳии мардуми кӯҳистон, нақл мекунад дар рушди адабиёти тоҷик ва таърихи он саҳми босазо гузоштааст. Барҳақ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба ҳайси шиносномаи миллати тоҷик шинохта ва эътироф кардаанд. Садриддин Айнӣ нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1951, нахустин Лауреати мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1950, инчунин Қаҳрамони Халқи тоҷик аст. Хизматҳои шоиста ва бузурги Садриддин Айнӣ аз ҷониби миллати тоҷик ва роҳбарони он қадр гардидааст. Ба номи фарзанди фарзонаи миллат имрӯз дар Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, яке аз хиёбонҳои Душанбе номгузорӣ гардидааст, ки аз бузургии устод Айнӣ ва қадрдонии хизматҳои шоёни ӯ барои миллат ва ин сарзамин шаҳодат медиҳад.