ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶТ ДАР МАСКАВ БА АЁДАТИ ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУР РАФТ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар Маскав ба аёдати Ҳунарпешаи Халқии ИҶШС Ҳанифа Мавлонова рафт, ки дар шифохона табобат карда мешавад. Ҳанифа Мавлонова соли 1936 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинободро хатм карда, аз соли 1937 то соли 1939 дар Театри тамошобини навраси шаҳри Ленинобод кор мекард ва то соли 1943 овозхони театри мусиқии драммавӣ буд. Ҳ.Мавлонова баъдан яке аз ҳунарпешагони асосии Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ гардид. Ӯ солҳои 1952 — 59 дар Консерваторияи Маскав таҳсил кардааст. Овози ӯ хусусияти хос дошта, бо тобишҳои гуногуни худ фарқ мекард. Ҳ.Мавлонова аввали солҳои 90 — уми асри гузашта Тоҷикистонро тарк намуд ва ҳоло ҳамроҳи духтараш дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ҳ.Мавлонова чанд рӯз пеш бо сабаби беморӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав хобонда шуд. Мирзошоҳрух Асрорӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунарпеша кӯмаки моддӣ расонд. Тарҷумон — Қудратов А.








ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






