ВИЛОЯТИ СУҒД БА ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМОДАГИИ ҶИДДӢ МЕГИРАД

Апрель 10, 2009 15:17

                   Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барои таҷлил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Рўзи Ваҳдати миллии умумиҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, 141 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарор ба имзо расонид.                   Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тантанаҳои умумиҷумҳуриявии Рўзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон даҳаи сеюми моҳи июни соли ҷорӣ дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд бо ширкати меҳмонони олимақом баргузор хоҳад шуд.                 Дар назар аст, ки дар доираи таҷлили ин сана як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумлаи литсеи президентӣ дар шаҳри Чкалов, чойхонаи миллӣ дар «Боғи Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор гиранд.

Апрель 10, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд