ВОРИДИ МОЛҲОИ ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 1, 2009 16:09

                         Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1-уми апрел зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол» дар палатаи поёнии парлумони кишвар байни вакилон баҳсу мунозираи тӯлонӣ сурат гирифт. Масъалаи мазкурро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Мирзошариф Исломиддинов шарҳ дода гуфт, ки қонуни мазкур бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии кишвар дар асоси муроҷиати роҳбарони чандин корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Он аз 8 боб ва 32 модда иборат буда, дар шароити шиддат ёфтани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ такони ҷиддиест ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ворид намудани молҳои пастсифати хориҷӣ дар бозори истеъмолии Тоҷикистон.                          Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон Юсуфҷон Ахмедов Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қабули қонуни мазкур қариб 15 сол дер кардааст. Ю. Ахмедов мегӯяд, ки имрӯзҳо бозори дохилии истеъмолии Тоҷикистонро маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ ғасб кардааст ва манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ҳимоя карда намешаванд.                         Ҳамзамон зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур намояндаи фраксияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов афзуд, ки бозори дохилии кишваррро касе ҳимоя намекунад. Мавқеи давлат дар мавриди танзими бозори дохилии истеъмолии мамлакат ниҳоят суст аст. Дари бозорҳоямонро барои молҳои кишварҳои хориҷӣ боз кардаем, мегӯяд ӯ. Ӯ меафзояд, ки дар ҳоле, ки дар бахши кишоварзии мамлакат пешравиҳо вуҷуд дорад, вале аз чӣ бошад бозорҳои ҷумҳурӣ пур аз маҳсулоти кишоварзии кишварҳои хориҷист, хусусан тухм ва гӯшти мурғи кишварҳои Бразилия, Эрон ва Ҳиндустон. Ш. Шабдолов мегӯяд, ки вақти он расидааст, ки бо ҳамаи ин хотима гузорем.                           Намояндаи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бар он ақида аст, ки ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ бояд пеши роҳи коррупсия дар мамлакат аз ҷониби ҳукумат ва парлумон гирифта шуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ паст кардани як чанд намуди андоз зарур аст.                          Қонуни мазкур ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозори дохилии кишвар, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии истеҳсолкунандагони ватанӣ таҳия шуда, бо райъи 58 вакили Маҷлиси намояндагон қабул гардид.

Апрель 1, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид