ВОРИДОТИ СӮЗИШВОРӢ БА ҶУМҲУРӢ МЕАФЗОЯД

Апрель 1, 2009 11:29

                    Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки то 1-уми марти соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба микдори 5756 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 249 тонна бензин ворид карда шудааст. Аз ин миқдор 4522 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 94 тонна бензин ба вилояти Хатлон интиқол дода шуд. Вилояти Суғд аз ин сӯзишворӣ 794 тонна солярка ва 42 тонна бензин ба даст овардааст. Ба ВМКБ бошад ҳамагӣ 34 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 62 тонна бензин фиристода шудааст. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ин маводи сӯхт ба миқдори 406 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 51 тонна бензин дастрас намуданд, ки барои кишт ҳанӯз кифоя нест.  

Апрель 1, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд