«ВОРУХ» 80-СОЛА ШУД

Апрель 11, 2009 11:54

              Исфара, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Имрӯз дар ҷумҳурӣ, номҳои Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, ходими ҳизбию давлатӣ Муллоҳорун Қурбонов, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Муҳаммадбек Нарзибеков, ходими намоёни адлия Ҳизбулло Хоҷаев, адабиётшиносони машҳур Валӣ Самад, Саъдулло Наимбоев, Абдувалӣ Давронов, шоирону нависандагони соҳибзавқ Додохони Эгамзод ва Абдусамеъ Қуддусро кӣ намедонад? Номи аксари онҳо аз доираи як деҳаи зебоманзари Ворух кайҳо берун рафта машҳури кишвар гаштаанд. Ин мардони наҷиб ва боз даҳҳо фарзандони шоистаи як деҳаи хурд, вале дар рӯзгори ҷомеаи тоҷик хеле муҳими Ворух дар пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар саҳми калон мегузоранд.               Онҳо ҳама парвардаи обу хоки деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ва хоҷагии кишоварзии «Ворух» мебошанд, ки 80 солагии хешро таҷлил кард. Мардуми меҳнатқарини ин деҳаи нозанин ҳамчунин даштҳои синабирёни мавзеи Оқсойро обод карда аз як чӯли бе обу гиёҳ ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал сохтанд. Он бо номи шаҳраки «Тоҷикон» машҳур буда ба аз худ карда шуданаш 45 соли расо шуд.               Ба ин муносибат дар таҷлили ин сана муовини аввали раиси шаҳри Исфара Баҳром Бобоев, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи агросаноатии шаҳр Шавкатулло Неъматуллоев, раиси идораи хоҷагии об, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдусамад Шомирсаидов ва дигарон иштирок намуданд.                Онҳо дар хусуси саҳми кишоварзони Ворух дар рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, таҷрибаи нодири касбии деҳқонон дар кишту парвариши зироатҳо ва боғдорӣ, таълиму тарбияи фарзандони дилсӯзи миллат, корнамоиҳо дар меҳнати сангин ҷиҳати ободии Ватан ва ғайра сухан карданд.               Раиси кооперативи истеҳсолии «Ворух» Валиҷон Нозиров иброз дошт, ки имрӯз насли ҷавон анъанаҳои падарону бобоёни худро идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки Ватан боз ҳам ободтар ва дастурхони мардум пур аз нозу неъмат гардад.                                                                   Таҳрири Жасмин Назарова

Апрель 11, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд