ВУСЪАТ ЁФТАНИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ВОСЕЪ
Восеъ, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Деҳқонони ноҳияи Восеъ кишти пунбадонаро дар ноҳия вусъат медиҳанд. Дар ин замина хоҷагии деҳқонии «Шарифҷон», ки роҳбарии онро Лашкарӣ Мирзоев ба ӯҳда дорад, дар масоҳати 130 гектар чигит корид. Имсол дар заминҳои хоҷагӣ чигити навъи аълосифати «Ирам» кишт карда шуд. Ин навъи чигит дар минтақаи Кӯлоб тобовар буда, аз 1 гектари он то 35 центнер ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Мавриди зикр аст, ки дар хоҷагии мазкур 16 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд. Инчунин дар масоҳати 3 гектар зироатҳои полизӣ ва 3 гектар сабзавот корида мешавад-гуфт Лашкарӣ Мирзоев.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






