ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ФАРХОР
Фархор, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Сохтмончиёни ноҳияи Фархор дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ корҳои пудратиро ба маблағи 883 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 405,8 ҳазор сомонӣ зиёд аз худ намуданд. Тавре дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Шариф Ғаффоров иттилоъ дод, нақша 185% таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ сохтмони шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва касалҳои дарунӣ, маркази саломатии деҳаи Туғули ҷамоати деҳоти Фархор давом дорад. Бояд қайд намуд, ки сохмтони мактаби нотамоми деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Ғайрат дар навбати аввал барои қабули 440 нафар хонанда идома дорад. Ҳамчунин сохтмони дармонгоҳ барои 50 ҷой дар арафаи анҷомёбист. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия сохтмони зиёда аз 16 иншоотҳои хурду калон, нуқтаҳои хизматрасонӣ идома ёфта, дар майдони 1 380 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст. Таҳрири Жасмин Назарова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






