Ё ХУД ЧИ ТАВР АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВИ КОНИБОДОМӢ ДАР ИСТАРАВШАН ТАҲСИЛ КАРДААСТ
72-сол дар маориф Комиле гар хок гирад, зар шавад, Ноқисе ар зар бурд, хокистар шавад. (Мавлои Балх) Истаравшан, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Ман бо ӯ ҳар сари қадам дучор мешавам. Ӯ бо қомати расо, вале каме ба пеш хамида, дар фасли гармо дар сар тоқӣ, дар зимистон кулоҳи русӣ, ҳамеша дар даст ҷузвдони калон бо сари хам, андешаманд чида-чида роҳ мепаймояд. Роҳи тай кардаи ӯ ҳамвора аз манзил ба дабистон ва аз дабистон ба хона будааст. Ин роҳ роҳи яксолаву ду сола не, балки роҳи 72 сола аст. Марди роҳ бошад, 89 сол дорад. Ҳамеша бо ин ҷода қадам мезанад, вале хаста намешавад. Аз ҷода ва касби пеша кардааш қаноатманд. Ба хаёл мераваду табассум дар лабонаш гул мекунад. Роҳи тай кардаи 70 солааш, шебу фарозҳои зиндагӣ, комгориву нокомиҳояш пеши назар ҷилвагар мешавад. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки аз 70 соли роҳи тай кардааш беш аз 60 солаш дар як дабистон-мактаби таҳсилоти умумии №1-и шаҳри Истаравшан сипарӣ шудааст. Ин роҳи тайкардаи 72 сола, заҳмати беш аз 60 сола дар як таълимгоҳ ба ӯ подошу самараи чашмгир овардаанд.Ӯ тӯли ин муддат наздик ба 6000 нафар хатмкунандагонро ба роҳи мустақили зиндагӣ раҳнамун сохтааст. Аз ин ҷумла беш аз 1000 нафар шогирдонаш соҳиби маълумоти олӣ гашта, зиёда аз 60 нафарашон номзадҳои илм, 14 нафарашон доктори илм ва 4 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд. Қаҳрамони мо, ки Набиҷон Қодиров ном дорад, аз фанни риёзӣ таълим медиҳад. «Риёзӣ — ин варзиши ақл» — гуфтааст генералиссимус Суворов. Ломоносов бошад кимиёро ба дасти рости физика ва чашмони физикаро математика номидааст, — аз касби худ ифтихор карда мегӯяд ӯ. Ва каме ба сукут рафта, сипас, ба суханонаш меафзояд: -Ман соли 1937 дар синфи 8-уми мактаби миёнаи №1 (ҳамин мактабе, ки тамоми умри худ кор кардааст) мехондаму яке аз рӯзҳо пас аз дарс дар кӯча омӯзгори шинохтаи ҳамонвақтаи шаҳри Уротеппа (Истаравшани ҳозира) Нурулло Неъматуллоевро вохӯрдам. Он кас ба ман дар як вақт омӯзгор шуда кор карданро пешниҳод карданд. «Писарам, дар мактаб муаллимон намерасанд ва ту барин талабаҳои хушзеҳну босавод муаллим шуда кор карданатон даркор, то ин ки мардум босавод шавад» гуфтанд. Ва ман ҳоло розӣ нашуда аз дастам гирифтанду ба назди мудири ҳамонвақтаи маорифи шаҳр Додо Раҳмат бурданд. Додо Раҳмат маро хуш истиқбол карда муаллими синфи 2 таъин кард ва ман дарси нахустини худро дар болохонаи як бои гузари Кемухтгарон, ки Додо-заргар ном доштааст, оғоз кардам. Як сол кор кардаму сипас, ба мактаби дигар дар гузари Тал гузарониданд. Баъд бо тавсияи шӯъбаи маорифи шаҳр мо 2-3 нафар омӯзгорони ҷавони умедбахшро ба Тошканд ба хондан фиристоданд. Моро Абдуваҳҳоб Почокалонов ном ҳамшаҳриамон, ки дар курси дуюми Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд таҳсил мекард, бурда ба курси ду солаи тайёрии ин донишкада дохил намуд. -Мо бо маълумоти ҳаштсола ду сол дар курси тайёрӣ хонда сипас, донишҷӯй шудему соли 1941 ин донишкадаро хатм карда ба зодгоҳамон баргаштем,- мегӯяд ӯ. Қаҳрамони мо 4 соли аввали омӯзгорӣ дар деҳоти Суфиориф, маҳаллаи Ясӣ, Қалъаи Баланд ва Ғончӣ кор карда, соли 1945 омӯзгори мактаби миёнаи №1 таъин гардид ва то имрӯз дар ин ҷо кор мекунад.Ҳини нақли фаъолияташ дар мактаб дар ҳамон замон ҳафтсолаи деҳаи Суфиорифи шаҳри Истаравшан ӯ далели аҷоиберо пеш овард. -Солҳои 1941-1942 директори ин мактаб Маниёзов ном шахси Конибодомӣ буд. Он вақтҳо чун кадрҳои омӯзгорӣ намерасиданд, омӯзгорону сарварони мактабҳо аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ таъинот гирифта меомаданд. Дар ҳамон вақт завҷаи Маниёзов ҳам ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ҳамин мактаб кор мекард. Маниёзов бошад, падари Абдуқодир Маниёзови раҳматӣ, узви вобастаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон, собиқ директори Институти забон в адабиёти ба номи устод Рудакӣ, олим ва адабиётшиноси шинохта ва ровии машҳури радио ва телевизиони кишвар аст. Аз ин рӯ,- Абдуқодир Маниёзов синфҳои 4 ва 5-ро дар шаҳри Истаравшан хондааст. Ин дӯстии падари Маниёзов бо хонадони Неъматуллоевҳо дар Истаравшан оғоз ёфта минбаъд дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе идома ёфта шодравон Абдуқодир Маниёзов ба хоҳари олими шинохтаи зилзилашинос Собит Неъматуллоев хонадор шудаанд,- бо табассуми малеҳу ба худ зебанда ба хотир меорад устод Набиҷон Қодиров. Шогирдонаш устод Набиҷон Қодировро доимо хабар мегиранд, ҳол мепурсанд ва аз ӯ ифтихор мекунанд. Собиқ Президенти АИ ҶТ, ҳоло сарвари намояндагии МАГАТЭ дар Тоҷикистон, академики АИ ҶТ, доктори илми кимиё, профессор Улмас Мирсаидов, ки яке аз шогирдони вафодори устод Набиҷон Қодиров аст, дар бораи устоди худ чунин менависад:- «Дар симои Набиҷон Қодиров ман беҳтарин хислатҳои омӯзгори асилро мебинам. Ӯ хоксорӣ, меҳрубонӣ, заҳматкашӣ ва сабру таҳаммул, покии рафтору кирдорро дар худ ҷамъ кардааст, ки барои шогирдон дарси ибрат мебошад… Моро лозим аст, ки таҷрибаи андӯхтаи Набиҷон Қодировро омӯзем, онро барои омӯзгорони дигар ва ояндагон чун намунаи ибрат нишон диҳем. Хушбахтона Набиҷон Қодиров ба синну соли худ нигоҳ накарда, то имрӯз тарбияи насли наврасро идома медиҳад». Бале, устоди устодон Набиҷон Қодиров имрӯз ҳам ба толибилмон дарс мегуяд. Вақте, ки мо бо ҳамроҳии сарвари мактаби таҳсилоти умумии №1-и шаҳри Истаравшан ба синфхона даромадем, устод Набиҷон Қодиров ба хонандагони синфи 9 дарси риёзӣ мегуфт. Бачаҳо ҳама гӯшу ҳуш ба дарси устод гӯш меандохтанд. -Устод монда набошед, -гуфтам ман. -Ташаккур, писарам, ҳаракат мекунам, ки монда нашавам,-гуфт ӯ бо табассуми ба худ хос ва ба суханонаш чунин илова кард: -То он даме, ки дастонам бӯрро медоранд, то он даме, ки дар танам қуввату дармон ҳаст, ман хаста намешавам ва таълиму тарбияро як сӯ намегузорам. Охир омӯзгорӣ маънии зиндагии ман аст. Аз назди омӯзгор бо як ҷаҳон таассуроту хурсандӣ баромадаму пеши назарам идомаи навиштаҳои шогирди устод Набиҷон Қодиров академик У. Мирсаидов ҷилвагар гаштанд, ки гуфтааст: -Хизматҳои муаллим Набиҷон Қодировро Ҳукумати Шуравӣ то андозае қадр карда буд. Имрӯз моро зарур аст ӯро ба дараҷаи олӣ ва сазовори хизматҳояш қадр кунем. Месазад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани унвонҳои баланд пешбарӣ кунад! Дар ҳақиқат, Ҳақ ба ҷониби мусанниф аст. Охир 70 сол хаста нашуда ҳама буду набуди зиндагиро паси сар карда, дар як мактаб ва дар як соҳа заҳмат кашидан, шогирдони зиёдро тарбият додан ва дар мазраи дили ҳазорон-ҳазор одамон тухми некиву илму донишандӯзиро киштан на ба ҳар кас муяссар мешавад! Зиҳӣ чунин омӯзгорон, зиҳӣ чунин фарзандони асили миллат!