ЮСУФУ ЗУЛАЙХО БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД?

Апрель 25, 2009 12:19

                 Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати қаҳрамонҳои филми бисёрсериягии «Юсуф — паёмбар» таҳти роҳбарии коргардони филми мазкур Фараҷҷӯлоҳи Салоҳшӯр ба Душанбе меояд. Дар ин хусус, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.                 Филми мазкур, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш дода мешавад, дар байни мардуми тоҷик маҳбубияти бузург касб намудааст.                 Филми «Юсуф -паёмбар» дар қисмати ҷанубии Эрон бо иштироки ҳунармандони ин кишвар наворбардорӣ гардидааст. Ғояи асосии филм афзалияти ишқи илоҳӣ нисбат ба ишқи инсонӣ аст.  Ҳамзамон дар он китоби муқаддаси осмонӣ — Қуръони карим тафсир гардида, шахсияти паёмбар — Юсуф, фазилатҳои неку барҷастаи инсонӣ, низоми давлатдорӣ, рушди иқтисод, ҳамзистӣ дар осоиштагӣ, муросо, фазои солими муҳити хонаводагӣ таҷассуми худро ёфтааст.                Дар филм нақшҳои Юсуф паёмбарро Имон Хусравӣ 7-сола, Сайидҳусейни Ҷаъфарии 12 -сола ва Мустафо Замонии 27-сола бо истеъдоди баланди ҳунарӣ иҷро намудаанд. Ҳунарпешаи шинохтаи бахши синамои Эрон Касоёни Риёҳӣ нақши Зулайхоро бо назокати хоса ва маҳорати баланд бозидааст.

Апрель 25, 2009 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд