ЗУКОМИ ХУК БА ТОҶИКИСТОН ТАҲДИД НАМЕКУНАД!
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Роҳбари хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ Самариддин Алиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки бемории зукоми хук айни ҳол ба Тоҷикистон таҳдид намекунад. Вале мувофиқи маълумоти намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон бемории мазкур аз дараҷаи сеюми паҳншавӣ ба дараҷаи чорум гузаронида шуд. Қабл аз ин дар бораи паҳн гардидани микроби нави гурӯҳи AHINI дар ҳайвонот хабар дода шуда буд, ки одамонро ба беморӣ гирифтор карда, вале аз одам ба одам сироят намекард. Вале акнун исбот карда шуд, ки ин микроб аз одам ба одам сироят мекунад. Ба қавли коршиносони соҳаи тиб, дараҷаи паҳншавии бемории зукоми хук рӯзҳои наздик боз як дараҷа баланд бардошта мешавад, зеро бемории мазкур мамлакатҳои ҷаҳонро бо суръати тез фаро мегирад ва шумораи торафт бештари одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мамлакатҳоро даъват менамояд, ки назорати эпидемиологиро, хусусан дар маҳалҳои аҳолинишини назди сарҳад пурзӯр намуда, ба паҳншавии бемории грипп ва ба илтиҳоби шуш табдил ёфтани он диққати махсус диҳанд. Аз бемории грипп тарсидан лозим нест, зеро ин беморӣ дар фасли баҳор ба таври муқаррарӣ паҳн мегардад, вале одамон бояд ба қоидаҳои санитарӣ риоя карда, дар мавриди зарурат ҳатман ба духтур муроҷиат кунанд. Дар ин маврид ҳеҷ гоҳ ба худ муолиҷа роҳ додан мумкин нест. Пешниҳод карда мешавад, ки одамон алҳол аз истеъмоли гӯшту равғани хук парҳез накунанд. Инчунин, дар масъалаи сафару сайёҳат ба мамлакатҳои дигар ягон маҳдудият муқаррар карда нашудааст, гуфт С.Алиев. Вай зикр намуд, ки айни ҳол ҳамаи муассисаҳои нақлиётию коммуникатсия, аз ҷумла, майдонҳои ҳавоӣ, вокзалҳо ва муассисаҳои гумрукӣ дар ин масъала огоҳ карда шудаанд. Дар ин муассисаҳо назорати санитарӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳамаи мусофирони аз мамлакатҳои дигар омада, бояд аз тарафи кормандони тиб муоина карда шаванд. Дар мавриди бад будани саломатӣ, мушоҳида шудани аломатҳои беморӣ онҳо ҳатман дар шифохонаҳо ҷой дода мешаванд. Чунин одамон бепул табобат карда хоҳанд шуд. Инчунин, ба кормандони ҳамаи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастур дода шуд, ки назорати санитарию эпидемиологиро, хусусан дар минтақаи сарҳад пурзӯр намоянд. Нишонаҳои бемории зукоми хук ба нишонаҳои бемории грипп шабоҳат доранд — ҳарорати бемор 38 дараҷа ва аз ин бештар, табларза, сустии аъзои бадан, сулфа ва дард кардани гулӯ ва ғайра. Давраи сирояти беморӣ одатан даҳ рӯз давом мекунад. Афзалияти Тоҷикистон ҳамин аст, ки мамлакати мо бо ягон мамлакате, ки бемории мазкур паҳн гардидааст, равобити мустақим надорад ва аз онҳо дар масофаи хеле дур воқеъ гардидааст. Шахсе, ки аз ин мамлакатҳо ба Тоҷикистон сафар мекунад, аз қаламрави чанд мамлакати дигар мегузарад ва вазъи саломатии ӯ дар ин мамлакатҳо санҷида мешавад. Қайд карда шуд, ки вақти паҳн гардидани бемории зукоми мурғон вазъият дар мамлакати мо тамоман дигар буд. Муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ ва тиббӣ барои пешгирии ин беморӣ тайёр набуданд. Дар робита барномаи миллии пешгирии зукоми мурғон таҳия карда шуд. Тибқи барномаи мазкур дар Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони муассисаҳои дахлдор гурӯҳҳои махсуси зудамал тайёр карда шуданд. Акнун ҳамаи ин муассисаҳо ва гурӯҳҳои зудамал ба ҳар эҳтимол тайёр карда мешаванд. Гуфтан лозим аст, ки соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба пешгирии бемории зукоми хук пурра тайёр аст. Хабар дода мешавад, ки бемории зукоми хук пеш аз ҳама дар Мексика паҳн гардид. Дар ин ҷо аз ин беморӣ 149 нафар вафот карда, бештар аз 2000 нафари дигар дар шифохонаҳо ҷой дода шудаанд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар ИМА қариб 50 нафар бемор ба кайд гирифта шуд. Нишонаҳои ин бемории хавфнок дар Австралия, Зеландияи Нав, Фаронса ва Италия мушоҳида карда шуданд.