ҒАМХОРӢ БА ИШТИРОКЧИЁН ВА ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГ

Май 5, 2009 18:11

                Хуҷанд, 5 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз ҳисоби буҷети вилоят барои расондани кӯмаки яквақта ба иштирокчиён, ветеранҳои ҷанг ва коргарони ақибгоҳ 207,7 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар арафаи иди Ғалаба ба ҳар нафар иштирокчии ҷанг аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 150 сомонӣ ва ба коргарони ақибгоҳ 100 сомонӣ тӯҳфа карда мешавад.                Сардори раёсати молиявии вилоят Анвар Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар қисмати шимолии мамлакат ба иштирокчиён ва ветеранҳои ҷанг ҳамаҷониба ғамхорӣ карда мешавад. Тибқи қарори раиси вилоят аз 1 январи соли 2009 сар карда. ба ҳар иштирокчии ҷанг ва оилаҳое, ки саробонашон дар ҷанг ҳалок шудааст, илова ба нафақа ва ёрдампулиҳои дигар 20 сомонӣ кӯмак расонда мешавад. Айни ҳол дар вилояти Суғд 1020 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 475 коргари ақибгоҳ ва 45 оилаи бар асари ҷанг бесаробонмонда зиндагӣ мекунанд.

Май 5, 2009 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ