ҚАЙРОҚҚУМ ТАЪМИРИ ФАВРИРО МЕХОҲАД

Май 6, 2009 16:38

                   Бӯҳрони энергетикии кишвар моро водор месозад, ки роҳҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқро пайдо намоем. Соҳаи энергетикии кишвар сол то сол беҳтар мегардад, аммо рафъи камбудиҳо аз мо кордонию касбиятро талаб мекунад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова, чанде пеш ҳангоми сафари хидматӣ дар вилояти Суғд бо директори нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум Файзулло Авезов вохӯрда чанд саволеро оид ба ин мавзӯъ матраҳ намуд.                Хоҳиш мекунам, дар бораи таърихи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум андешаҳои худро иброз медоштед.                 Ташаккур.                 Аввалин агрегати нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум соли 1956 ба кор дароварда шуд. Соли 1957 бошад 6 агрегати он пурра ба кор даромад.                  НБО-и Қайроққум аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори умумии он 126 мегаватт мебошад. Турбинаҳои он дар шаҳри Харькови Ҷумҳурии Украина сохта шуда аст. Ҳаҷми ғунҷоиши обанбор барои кори мӯътадили нерӯгоҳ 3,5 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад.                    Асосан ҳар як нерӯгоҳ барои 60 — 70 сол пешбинӣ шуда, аммо таҷҳизотҳои асосии онҳо ба 25 — 30 соли корӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Таҷҳизотҳои нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум 53 сол муқаддам ба кор шурӯъ карда ва беш аз ду мӯҳлати фаъолияти кории таҷҳизотро дар бар мегирад.              Барои боз ҳам беҳтар намудани ҳолати НБО-и Қайроққум дар асоси кадом лоиҳаҳо кор ҷараён дорад?                 Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» 4-5 сол пеш кам шудани истеҳсоли барқро ҳис карда барои таъмири НБО дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалагузорӣ намуд, аммо бо сабаби набудани маблағ ин масъала ба таъхир андохта шуд. Се-чор сол пеш сармоягузорони чех ба Тоҷикистон омада буданд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо инчунин масъалаи таҷдиди НБО-и Қайроққумро пешниҳод намуд. Аммо бо сабаби таъсири бӯҳрони молиявӣ мутахассисони чех аз кори таҷдиди нерӯгоҳ даст кашиданд.                 Имрӯз дастгоҳҳо хеле фарсудаанд ва аз нав кардани онҳо шарти зарурист. Мо дар нақша дорем, ки дар наздиктарин вақт 2 агрегатро таъмир намоем.                  Ба наздики дар сафари корӣ ба шаҳри Перми Федератсияи Россия бо мутахассисони «ГЭС-и Камск» вохӯрӣ намуда, азнавсозии мошинҳои онҳоро мушоҳида намуда ба хулосае омадем, ки барои аз нав кардани таҷҳизотҳои нерӯгоҳ бо заводи «Турбоатом» — и шаҳри Харьков шартнома бандем. Мутахассисони онҳо ҳисоб карда баромаданд, ки барои нав кардани 6 агрегат 26 млн. доллари амрикоӣ зарур аст. Дар ин бора мо ба роҳбарияти ширкати «Барқи Тоҷик» барои дастрас кардани ин маблағ дархост пешниҳод кардем. Дар сурати дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон пайдо мешавад, ки мо таъмири яке аз ин 6 агрегатро дар соли 2009-2010 оғоз кунем. Бояд қайд намуд, ки мо имконият пайдо мекунем, то ки иктидори неругоххро 18 мегаватт зиёд намоем.                   Обу барқ ду чизи ба ҳам тавъаманд, шумо дар ин бора чӣ мегӯед?                    Бале, Шумо дуруст мегӯед. Ин ду чиз бе ҳам вуҷуд дошта наметавонанд. Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал ва дар собиқ давлатҳои иттиҳоди шӯравӣ дар ҷои дуюм мебошад, қудрати сохтмони даҳҳо нерӯгоҳҳои калони барқи обӣ ва захираи зиёди обро дорад. Аз ин рӯ, баробари сохтмони НБО захираи зиёди об ҳам барои соҳаи кишоварзии мамлакат ва ҳамчунин барои давлатҳои поёноб дар истифодаи он мусоидат хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамеша ӯҳдадориҳои худро дар асоси қарордодҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя иҷро мекунад. Масалан, дар мавсими обёрии имсола, обанбори Қайроққум миқдори зиёди обро захира кард, ки он на фақат барои эҳтиёҷоти кишоварзони вилоят, балки барои кишварҳои ҳамсояро бо об таъмин намудан кифоя аст. Феълан ҳаҷми об дар обанбор, чунон ки дар боло ишора шуд, беш аз 3,5 млрд. метри мукааб мебошад. Ин миқдор обро мо бояд то 31 май захира мекардем. Дар мавсими обёрии имсола тавассути захираи оби Қайроққум беш аз 300 ҳазор гектар заминҳои пахтаи Ӯзбекистон ва 80 ҳазор гектар заминҳои шолии Қазоқистон бо об таъмин карда мешавад. Як чиз ногуфта намонад, ки мо аз ҷумҳурии бародарии ҳамсоя, Ӯзбекистон хушнудем, зеро онҳо тавонистанд ӯҳдароиҳои худро иҷро карда ҳангоми бозистии агрегатҳои нерӯгоҳ минтақаи шимолии кишварро бо барқ таъмин намоянд. Ҳоло аз 6 агрегат 4 — тояш ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард, 1- тоаш дар захира, ва 1 тои он дар таъмир мебошад. Мо кушиш дорем то зимистони оянда ҳамаи агрегатҳоро ба кор омода созем.                  Дар замони шӯравӣ системаи ягонаи энергетикӣ вуҷуд дошт. Он тамоми давлатҳои Осиёи Марказиро бо барқи ягона таъмин мекард. Акнун ки ин система аз байн рафтааст, онро аз нав дар дохили кишвар эҳё бояд кард, ва пайваст кардани системаи энергетикии кишвар зарур дониста мешавад.                    Алҳол пайваст шудани хати баландшиддати ҷануб-шимол моро хоҳ — нохоҳ ба ҳамин система мебарад ва инро бояд дастгирӣ кард.                                                                      Барои сӯҳбати пурмӯҳтаво ташаккур.

Май 6, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад