ҚАРЗИ МУЗДИ МЕҲНАТ БОИСИ НИГАРОНИСТ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Новобаста аз кӯшишҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва чораҳои андешидашудаи мақомоти иҷрояи Ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти давлатӣ афзоиши қарзӣ музди меҳнат, дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст,- иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров. Маблағи қарз аз пардохти музди меҳнат (бо назардошти қарзҳои пешин) дар миқёси ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2009 -23 млн.176,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарздорони асосӣ аз пардохти музди меҳнат дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ буда, 98,8 фоизи маблағи умумии қарз ба ин соҳаҳо рост меояд. Қарзи аз ҳама зиёди музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ боқӣ монда, 14 млн. 876,6 ҳазор сомонӣ ё худ ба 64, 1 фоизи қарзи умумӣ баробар мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






