ҲАФТАИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар бораи баргузории «Ҳафтаи ҷавонони пойтахт» Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо намуд. Тибқи он нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, таҳррезӣ шуд. Дар асоси он мусобиқаи футбол байни кормандони сохторҳои пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ», озмуни умумишаҳрии «Манзараҳои шаҳри ман» байни рассомони ҷавони пойтахт, конфронси илмӣ- назариявӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи «Моҳияти бузургдошти Соли Имоми Аъзам ва устувории андешаҳои солими ҳамзистии мусолиматомез» гузаронида мешавад. Инчунин, 23 май дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800 -солагии Москва» барномаҳои фарҳангӣ ва сайругашти идона баргузор мешаванд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






