ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ САМАРА ОМАД

Май 20, 2009 09:46

                        Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 май барои боздид ба вилояти Самараи Федератсияи Русия омад. Ба ҳайат роҳбарият ва кормандони Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохитлии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ шомиланд.                        Ҳадафи сафари ҳайати Тоҷикистон ташкили мулоқоту сӯҳбатҳо бо роҳбарони вилояти Самара дар масъалаҳои муҳоҷирати коргарони тоҷик, сӯҳбатҳо бо коргарони муҳоҷир, ки дар корхонаю муассисаҳои вилоят кор мекунанд, вохӯрӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Самара доимӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин, ҷамъбасти натиҷаҳои сафар ва таҳлили проблемаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар вилояти Самара мебошад.                        Сафари ҳайати Тоҷикистон дар вилояти Самара то 24 май давом мекунад.

Май 20, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд