ҲАЙТИ ТОҶИКИСТОН БА ДУВВУМИН БОЗИҲОИ ИСЛОМӣ РАСМАН ДАЪВАТ ШУД

Май 12, 2009 15:34

                    Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Аз 5 то 7 майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаласаи дуюми вазирони варзиши кишварҳои қитъаи Осиё доир гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат Маликшо Неъматов ширкат варзид.                    Натиҷаҳои ин сафаро зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Маликшо Неъматов пурмаҳсул арзёбӣ карда, зикр намуд, ки дар рафти ҷаласа, ки дар он вазирони варзиш ва роҳбарони Кумитаҳои Олимпии 38 кишвари Осиё ва якчанд созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд масоили ҳалталаби ҳаракати варзишӣ дар шароити кунунӣ ҳаллу фасл гардид. Дар ин ҷаласа вазирони варзиши Ҷопон, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Тоҷикистон баромад намуданд.                   «Дар баромаде, ки ман дар он ҷо кардам аслан ба масъалаи мубрами соҳаи варзиш, бо назардошти бӯҳрони молявӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ равон шуда буд. Мо кишварҳои инкишофёфта ва мутараққии Осёиро даъват намудем, ки барои ширкати бештари варзишгарони кишварҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншооти варзишӣ мусоидат намоянд», — идома дод М. Неъматов.                    Ӯ афзуд, ки ҳамзамон, дар рафти ҷаласа масъалаи таъсиси Котиботи доимамалукнандаи вазирони варзиши кишварҳои қитъаи Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Котиботи номбурда муваққатан дар шаҳри Теҳрон таъсис дода шуд.                    Дар фарҷоми кори ҷаласаи вазирони варзиши кишварҳои қитъаи Осиёро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳузур пазируфт.                   Инчунин, дар рафти ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо як қатор ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа мулоқотҳои кории дучониба анҷом доданд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон — раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар Муҳаммад Алиободӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ табодули назар карда шуд. Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо барои хамкориҳои мутақобилан судманд, аз қабили гузаронидани машқҳои муштараки варзишӣ дар кишварҳои якдигар, баргузории мусобиқаҳои муштарак ва табодули мураббиён мувофиқа ҳосил карда шуд.                   Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид ва ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки бо назардошти тағийроту иловаҳо Созишнома дар мӯҳлати наздик ба имзо расонида шавад.                    Инчунин ҷониби Эрон ба ҳайати Тоҷикистон даъватномаи расмиро ҷиҳати иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои дуюми исломӣ, ки аз 16 то 30 октябри соли 2009 дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад ва Исфаҳони ҶИЭ баргузор мегарданд, супорид.                    Ҳайати Тоҷикистон дар доираи сафар аз Академияи олимпии Эрон, ки дар масоҳати 110 г. ҷойгир шудааст ва Маҷмӯаи варзишии «Озодӣ», ки 350 г. масоҳат доранд, боздид ба амал овард. Бо роҳбарияти ин муассисаҳои варзишӣ оид ба истифодаи варзишгарони тоҷик аз имкониятҳои иншооти мазкур мувофиқа ба даст омад.                     Бояд гуфт, ки инчунин аз ҷониби як қатор федератсияҳои варзишии Эрон оид ба ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишии Тоҷикистон изҳори ақида карда шуд.

Май 12, 2009 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад