ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Май 20, 2009 09:28

                      Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Дирӯз дар бинои Думаи вилояти Самараи Федератсияи Русия ҳайати Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори раёсати мазкур Сафиулло Девонаев бо раиси Думаи вилояти Самара Виктор Сазонов ва муовини ӯ Николай Мусаткин мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар ҳудуди вилояти Самара, инчунин, дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилоят ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                     С.Девонаев бо мақсади ривоҷ додани хамкории дуҷониба роҳбарияти Думаи вилояти Самараро даъват кард, ки барои боздид ба Тоҷикистон ташриф орад.

Май 20, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд