ҲОДИСАИ ТАРКИШ МАВРИДИ БАҲС ГАРДИД

Май 8, 2009 18:42

                    Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт Саидаҳмад Маҳмадҷонов, дар натиҷаи таркиши снаряд ду шаҳрванди ноҳияи Рашт захм бардошт.                     Бино ба гуфти Саидаҳмад Маҳмадҷонов ҳуҷҷатҳои аввалия барои санҷиши ин ҳодиса ба прокуратураи ноҳияи Рашт супорида шудааст.                     Дар прокуратураи ноҳия кушодани парвандаи ҷиноиро нисбати ин ҳодиса раво надонистанд, зеро ба ақидаи прокурор Ҷунайдулло Ниёзов ин снарядҳо аз замони чанги шаҳрвандӣ боқӣ монда, ҳодисаи таркиши аввалӣ соли 2006 рух дода буд.                       Мавзее, ки таркиши снарядҳо ба қайд гирифта шудааст аз ҷониби созмонҳои байналмилалии поксозии минаҳо тоза шуда бошад ҳам ба шитобкорӣ роҳ дода шудааст. Аз ин рӯ кушодани парванда нисбати касе асоси ҳуқуқӣ надорад.

Май 8, 2009 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд