ҲУҚУҚИ ИҶРОЧИЁНИ СУД ВАСЕЪТАР ШУД
Душанбе,7 май (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири бахши ташкилии фаъолияти иҷрочиёни судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ширинов, Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» вазифаҳои иҷрочиёни судро нисбати қонуни қаблӣ васеътар нишон додааст. Дар қонуни нав омадааст, ки шахсоне, ки талаботи иҷрочии судро ё ҳуҷҷатҳои иҷроро ба ҷо намеоранд ва ё барои иҷрои он мамоният менамоянд, бо пешниҳоди иҷрочӣ аз тарафи суд ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 3 то 10, ба шахсони мансабдор аз 40 то 50 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳандаи ҳадди ақал ҷарима карда мешаванд. Дар қонуни нав ба иҷрочии суд ҳуқуқ дода шудааст, ки аз шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ дар ҳама бора маълумоти заруриро талаб кунад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






