ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст. Д.Аҳмадов баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлат зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон чунин изҳор намуд: «Мо ҳамроҳи Президент маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор додем. Бояд гуфт, ки муносибатҳо ва ҳамкории иқтисодии мамлакатҳои мо сол то сол бештар густариш меёбанд. Ҳаҷм ва маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Қазоқистон торафт меафзояд. Масъалан маблағи хариду фурӯши мол дар байни кишварҳои мо соли 2008 — ум бештар аз 300 миллион доллари ИМА ва семоҳаи аввали соли 2009 — ум бештар аз 80 миллион долларро ташкил дод. Бешубҳа, зимни мулоқоти мо ба масъалаҳои роҷеъ ба густариши ҳамкории низомӣ дахл карда шуд. Тоҷикистону Қазоқистон аъзои силсилаи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла, СААД ва СҲШ мебошанд. Низомиёни Қазоқистон чанде пеш дар машқи амалиёти зиддитеррористӣ дар қаламрави Тоҷикистон ширкат варзиданд. Мо бо Вазорати мудофиаи кишвари Шумо аҳду паймони қавӣ дорем, ки воҳидҳои низомии тоҷик дар қисми зиёди машқҳои қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон ширкат хоҳанд варзид. Мо бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар бобати омода сохтани кадрҳои низомӣ, мубодилаи маълумот дар доираи СААД ва Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунем. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки ҳамкории мо дар ҳамаи соҳаҳо натиҷаи бештару хубтар диҳанд. Тибқи нақша ҳайати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Қазоқистон ташриф оварда, бо фаъолияти баъзе мактабҳои олии ҳарбии мо шинос мегардад. Ин ҳам яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкорӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки мо тамоми пешниҳодоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомӣ амалан иҷро намудем. Мо ҳамчунин ба омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи низомии Тоҷикистон имкон хоҳем дод, ки дар мактабҳои олии ҳарбии Қазоқистон, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Вазорати мудофиаи Қазоқистон рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя намоянд», гуфт Дониёл Аҳмадов.