ҶАРИМА БАРОИ БОЗДОШТАНИ ҚАТОРАҲОИ МУСОФИРБАР
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 21 — 22 май дар Минск маҷлиси 50 — уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он қариб 20 масъала муҳокима шуд. Аз ҷумла, барномаи амалӣ сохтани нақшаҳои аввалиндараҷаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи нақлиёт дар давраи то соли 2020. вазъи имрӯзаи ҳисобу китоб дар байни муассисаҳои роҳи оҳан муҳокима карда шуданд. Иштирокчиёни маҷлис созишномаро дар бораи масъулияти иқтисодии риоя нашудани ҷадвали ҳаракати қатораҳо дар роҳҳои оҳани байнидавлатӣ имзо намуданд. Созишнома андохтани ҷаримаро ба маблағи 200 франки Швейтсария барои ҳар ним соати боздоштани қатораи роҳан пешбинӣ менамояд. Роҳбарони муассисаҳои роҳи оҳан, инчунин, масъалаҳои марбут ба ҳисоби мавҷудии контейнерҳо, вагонҳо ва тадбирҳои бригадаҳои локомотивҳоро дар мавриди рух додани фалокат баррасӣ намуданд. Инчунин, низомномаи фаъолияти комиссияи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани мамлакатҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония дар бобати ислоҳоти соҳа тасдиқ карда шуд. Дар маҷлис роҳбарони муассисаҳои роҳи оҳани Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Булғористон, Латвия, Литва, Финляндия, Эстония, намояндагони Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи созандагони роҳҳои оҳан ва нақлиёт, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия иштирок намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






