ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН БА ҲАМ МЕОЯНД

Май 18, 2009 15:52

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт.                      Пас аз анҷоми мулоқот Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ андешаҳояшро ба хабарнигорон баён намуда, зикр кард, ки хеле хушбахтам, ки ба ин кишвари бародар, дӯст ва ҳамзабон — Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кардам. Хушбахтии бештар ин, ки ин сафари ман бо номи ҷавонони ду кишвар анҷом мешавад ва барои тақвияти иртибототи ҷавонони ду кишвар ва хушҳолии бештар аз он, ки зарфиятҳои хуби фарҳангӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоиро, ки дар ҷавонони Тоҷикистон вуҷуд дорад ва заминаҳои бисёр хуби густариши ин иртиботот мушоҳида шуд. «Раисҷумҳури ҷавоншинос ва ҷавонбовари Тоҷикистон бисёр эҳтимом доранд нисбати тавсеаи ҷавонон ва таваҷҷӯҳи вижа доранд нисбат ба тақвияти муносиботи ду кишвар дар мавзӯи ҷавонон. Сӯҳбати хосе доштам дар ин масъала бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов Ҳамаи заминаҳо фароҳаманд, то ки мо тавонем муносиботи худамонро дар ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ ва фарҳангӣ пойдортар ва зеботар кунем», — тазаккур дод Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ.                          Ӯ афзуд, ки мо дар идомаи сафаре, ки дорем, бо имзои ёддошти тафоҳум саъй мекунем. Тавре, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ карданд ва пеш аз ин Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод таъкид доштанд, битавонем ба сурати як пояи ҳуқуқӣ биёрем ва бо доштани ин ёддошти тафоҳум заминаи ҳамкориҳо фаровонтар шавад ва сари вақт иҷро шаванд.                          Мавриди зикр аст, ки дар дараҷаи аввал саъй мекунем таҷрибаҳои ду кишвар бо ҳамдигар мубодила шаванд. Гурӯҳҳои дӯстии ҷавонони ду кишварро таъсис хоҳем кард ва замина фароҳам мекунем, ки худи ҷавонон бо ҳамдигар иртибот пайдо кунанд ва махсусан аз ҳамзабонӣ, ҳамфарҳангие, ки дорем ба ҳамдилӣ бештар бирасем.«Заминае бояд фароҳам кунем, ки ҷавонони мо тавонанд ҳам дар соҳаи фарҳангӣ, адабу ҳунар, илмӣ, техникӣ, фаннӣ, дар арсаҳои арзишӣ ва тарбияти баданӣ бо ҳамдигар мутассил шаванд ва барномаҳои ояндаи худашонро пеш баранд», — гуфт дар хотима муовини Раиси ҶИЭ.

Май 18, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд