ҶИА ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИАШРО ДАР БОРБАД НАМОИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 150 ширкати саноатии хусусии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар нахустин намоишгоҳи пешрафтҳои иқтисодии Афғонистон, ки аз 4 то 6 августи соли равон дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор мешавад, ширкат менамоянд. Дар ин хусус, ба АМИТ «Ховар», атташеи тиҷоратии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Наҷибулло Раҳимӣ иттилоъ дод.Ҳадафи асосии баргузории намошгоҳ ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, табодули таҷриба ва ба имзо расонидани қарордодҳои ҳамкорӣ байни тоҷирони ду кишвари ҳамҷавор аст. Дар радифи намошгоҳ анҷумани бозаргонони Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат баррасӣ мешаванд. Намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва утоқи тиҷоратӣ ва саноъеи дастии Афғонистон ташкил карда шуда, маҳсулоти саноатӣ, хӯрока, бофандагӣ ва саноати дастӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Наҷибулло Раҳимӣ афзуд, ки тӯли солҳои охир ҳамкориҳои ду давлати ҳамсоя дар бахши тиҷорат густариш меёбад, ки он ба беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон нақши муассир мегузорад. Дар ин муддат ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар афзоиш ёфта, танҳо дар соли 2008 -ум 92 миллион долларро ташкил дод. Хусусан, дар тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар пули стратегии дар минтақаи Панҷи -Поён ва Шерхонбандарбуда, нақши муҳим мебозад. Н. Раҳимӣ мегӯяд, ки тавассути ин пул дар як шабонарӯз 80-90 мошин бо маҳсулоти гуногун аз Афғонистону Покистон вориди Тоҷикистон мегарданд. Асосан аз Афғонистон ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрока ва зироатӣ ва аз Тоҷикистон ба Афғонистон алюминӣ, чарму пӯст ва дигар навъи маҳсулот интиқол дода мешавад. Ҳамзамон, атташеи тиҷоратии Сафорати Афғонистон гуфт, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бозорчаҳои марзӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо дар таъмини аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ бо маводи ниёзи аввал ва дигар маҳсулот саҳми назаррас доранд. Алҳол байни ду кишвар беш аз 10 корхонаи муштарак дар бахшҳои сохтмон, саноати сабук, мусофиркашонию транзитӣ фаъолияти пурсамар доранд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






