3 МАКТАБИ НАВ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА МЕШАВАД
Бадахшон, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ба бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳон, ки ба Тоҷикистон низ асар кардааст, нигоҳ накарда, дар Бадахшон бунёди иншоот чун солҳои қаблӣ идома дорад. Бо маблағи ҳукумат танҳо дар шаҳри Хоруғ имрӯзҳо бунёди Литсейи Президентӣ, Кохи ҷавонон, хобгоҳҳои Донишгоҳии давлатии ба номи М. Назаршоев,- театри вилоятӣ, Донишгоҳи такмили ихтисоси муаллимон идома доранд. Тавре мудири шӯъбаи сохтмонҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаббат Раҳматов иттилоъ дод, рӯзи 8-уми моҳи март ба хотири таъмири Осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур ва сомони биноҳои нотамоми мактабҳои қишлоқҳои Бодоми ноҳияи Роштқалъа, Лухчи ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва Зумуҷи ноҳияи Ишкошим 320 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд,- дар маҷмӯъ мегӯяд Муҳаббат Раҳматов ин маблағ 3 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Биноҳои макотиби номбурда то оғози соли нави таҳсил мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






