3 НАФАР КӮДАК ДАР СЕЛ МОНДАНД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бар асари боришоти зиёди моҳи апрел ва майи соли ҷорӣ ва омадани сел ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гашт. Бештар соҳилҳои дарё, кӯпрукҳо, хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ, киштзорҳо дар ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Файзобод, Рудакӣ, Ҳисор, Муминобод, шаҳрҳои Норак ва Душанбе зарар диданд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ иттилоъ доданд, роҳи мошингард дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, иншоотҳои ёрирасон ва хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Анзоб, Шоҳтемур, Қаротегин ва Навобод зарар диданд. Дар натиҷаи борони шиддатнок ба ҷамоати деҳоти Ҳасанов, деҳаҳои Қизил Октябр, Қизил Байрақ, 8 март, ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаҳои Навобод ва Шӯрообод, ҷамоати деҳоти Боғистон деҳаи Савдаи ноҳияи Шаҳринав сел омад. Инчунин ба ҷамоати деҳаи Ҷура Раҳмонов, деҳаҳои Заркамар, Янгибоғ ва Қаҳрамони шаҳри Турсунзода сел омада ба хонаи истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони шаҳрвандон зарари ҷидди расонид. Дар деҳаи Қаҳрамон мутаасифона 3 нафар кӯдак ба ҳалокат расиданд. Рӯзи 10 майи соли ҷорӣ бар асари боришот ва омадани сел дар селпартои деҳаи Машъали ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рудакӣ 3 нафар бародарон дар роҳи сел монда ба ҳалокат расиданд. Айни замон хадамотҳои дахлдори мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудани оқибати офати табии сафарбар шуда, комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳо дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда истодаанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






