5 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН ДАР ВОСЕЪ ЗАРАР ДИД

Май 14, 2009 17:31

                       Мӯъминобод, 14 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар натиҷаи номусоид омадани обу ҳаво ва боридани боронҳои пай дар пай дар ноҳияи Восеъ 3 000 гектар заминҳои кишти пахта ва 2 000 гектар заминҳои ғалладонагию сабзавот зарари ҷиддӣ диданд.                       Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сайҳомид Саидов гуфт, бештар зарари ҷиддӣ дар ҷамоати Меҳнатобод ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 100 гектар заминҳои кишоварзиро шуста бурдааст. Ба гуфтаи ин манбаъ то ҳанӯз маблағи зарари расида аз офати табиӣ маълум набошад ҳам, вале дар ин самт ҳукумати ноҳия қарор қабул намудааст, ки дар ноҳия ситод ташкил карда шуда, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, идораи суғурта, омор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯи шароит ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз ин офат осеб дидаанд ёрии амалӣ расонанд.                        Бояд қайд намуд, ки офати табиӣ ба ғайр аз заминҳои кишоварзӣ 15 хонаи истиқоматӣ, 1 кашар ва участкаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ зарари ҷиддӣ дидаанд. Дар заминҳои кишоварзие, ки дар натиҷаи ин офат зарар дидаанд кишти такрорӣ гузаронида хоҳад шуд, гуфт Сайдаҳмад Саидов.

Май 14, 2009 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд