АЛИАКБАРӢ БО РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МУЛОҚОТ ХОҲАД КАРД

Май 14, 2009 12:26

                     Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои расмии Тоҷикистону Эрон дар бахши ҷавонон 17 май муовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони миллии ҷавонони Эрон Ҳоҷӣ Алиакбарӣ ба Душанбе меояд.                   Ҳ.Алиакбарӣ зимни сафари се рӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории ду кишварро дар бахши ҷавонон баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, интизор меравад, ки Ҳоҷӣ Алиакбарӣ бо муовини тозаинтихоби раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору мулоқот хоҳад кард.                Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, сафари Ҳ. Алиакбарӣ ба Тоҷикистон оғози ҳамкориҳои расмӣ дар бахши ҷавонон аст. Дар робита бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши ҷавонон миёни ду кишвар Ёддошти ҳусни тафоҳум ва дигар санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Инчунин, Раиси Созмони миллии ҷавонони Эрон дар маросими туйи арӯсии 50 ҷуфт ҷавонони шаҳри Хуҷанд иштирок менамояд.

Май 14, 2009 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд