АМАЛИЁТИ «КӮКНОР — 2009» ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев, дар ин рӯзҳо як гурӯҳи фаврии аз ҷониби қувваҳои қудратии кишвар таъсисёфта дар амалиёти «Кӯкнор-2009» дар води Рашт қарор доранд. Ба гуфти ҳамин манбаъ, дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор -2009» як силсила ҷиноятҳои солҳои 2000-2009 дар ин минтақа рухдода низ таҳқиқ карда мешаванд.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки амалиёти «Кӯкнор -2009» на фақат ба ноҳияҳои води Рашт, балки Дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин амалиёт постгоҳҳои мавҷуда тақвият дода шуда, якчанд постгоҳҳои сайёр низ таъсис дода мешаванд. Барои назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои масъули қудратӣ ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди оҷонсии зидди маводи мухадири назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Гурӯҳи муштарак бо мақомоти маҳаллӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳоро сарфи назар аз моликияташон тафтиш хоҳанд кард. Дар назар аст, ки амалиёти «Кӯкнор — 2009» то 30-юми ноябри соли ҷорӣ идома дода мешавад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






