АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АНДИҶОН
Тошканд, 27 май. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру ). — Намояндаи Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар дод, ки таркишро дар шаҳри Андиҷон як нафар террористи фидоӣ ба амал овардааст. Алҳол шахсияти террорист муайян карда мешавад. Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи таркиш як корманди милиса ҳалок ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин воқеа 26 май тақрибан соати 14 бо вақти маҳаллӣ рух дод. Қабл аз ин хабар дода шуда буд, ки баъди таркиш ба шаҳри Андиҷон қисмҳои ҳарбӣ ва техникаи зиреҳпӯш дароварда шуданд. Кӯчаҳоро дастаҳои милиса ва ҳарбиён посбонӣ мекунанд. Аз рӯи хабари дигар, гурӯҳи калони ҷангиён аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Андиҷон зада даромадаанд. Онҳо дар даромадгоҳи шаҳри Хонобод ба посгоҳи милиса ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа як корманди милиса ва яке аз ҳуҷумкунандагон маҷрӯҳ гардиданд. Баъдан хабар расид, ки шаби 26 май силоҳбадастон дар шаҳри Хонобод ба бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва Хадамоти амнияти миллӣ ҳуҷум овардаанд. Ҳуҷумкунандагон аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон мебошанд. Расонаҳои гурӯҳӣ хабар медиҳанд, ки айни ҳол бо шаҳри Хонобод тамоми воситаҳои алоқа баста шудаанд. Инчунин, гузаргоҳҳои сарҳадии байни Ӯзбекистону Қирғизистон маҳкам карда шудаанд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






