АСАЛИ ТОЗА БА ҶАНГОВАРОН

Май 8, 2009 18:57

                      Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Мудири маркази асалфурӯшии «Шифо» Илҳомиддин Исломов ба муносибати 64-умин солгарди иди Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 310 бонка асали тоза ҳадя намуд. Илҳомиддин Исломов- давомдиҳандаи кори пуршарафи авлодиашон-асалпарварӣ мебошад. Ин касби пуршарафро вай аз падараш Ҳоҷӣ Истам Исломов омӯхтааст. Дар мағозаи ӯ асалҳои гуногуни тоза фурӯхта мешаванд. Мизоҷони ӯ аз шаҳр ва тамоми ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе меоянд. Ҳатто меҳмонони хориҷӣ савғотии беҳтарин асал, нектар, муми занбӯри асал, асали мумдор, гарди гул, шири модаршоҳӣ ва мумиёи занбури асалро, ки хусусияти давоӣ дорад, мебаранд.                    Бояд гуфт, ки мағозаи «Шифо»- маркази ташвиқоти занбурпарварӣ низ мебошад. Мутахассисони ин соҳа, занбурпарварон ва шахсоне, ки ба ин касб шавқу завқ доранд, асбобу анҷомҳои даркориро ба монанди қуттиҳои холӣ, оилаи пурраи занбури асал, оилаи нав, модарзанбӯр, мумварақа (вашина), дудкунак, кулоҳи махсус ва дигар ашёҳоро харидорӣ карда метавонанд.                   Китобҳо ва дастурҳои таълимӣ, сабти навору дискҳои омӯзишӣ, пешниҳод ва маслиҳатҳои Илҳомиддин Исломов- мушкилкушои занбӯрпарварон аст. Ӯ алҳол қариб 500 қуттӣ оилаи занбӯри асал дорад. Бо асалҳои тару тоза харидоронро таъмин менамояд.  

Май 8, 2009 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд