АШЪОРИ ГУЛРУХСОР БО ХАТИ ФОРСӢ ЧОП МЕШАВАД

Май 26, 2009 10:06

                        Душанбе, 26 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гулчини ашъори шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор таҳти унвони «Як панҷара меҳр» вақтҳои наздик дар Теҳрон бо хати форсӣ аз чоп мебарояд.                        Назар ба иттилои муҳаққиқи бахши фарҳанги пажӯҳишгоҳи фарҳанги ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, қарордод доир ба нашри китоби шоираи ширинкаломи тоҷик Гулрухсор зимни мулоқоти ӯ бо Раиси пажӯҳишгоҳи фарҳанги ЭКО доктор Муҳаммад Раҷабӣ дар Теҳрон ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки шоира Гулрухсор ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти муаллифи шоҳасари ҷаҳонӣ- «Шоҳнома»- Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ибтикори Фарҳангистони ҳунари Эрон созмон дода шуда буд, дар ин кишвар қарор дорад.                          Интизор меравад, ки китоби шоира дар ҳаҷми 700 саҳифа бо теъдоди 2 ҳазор нусха нашр гардида, дастраси ҳаводорони назми форсӣ мегардад.

Май 26, 2009 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд