АВСТРИЯ ВА СЛОВАКИЯ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАНД

Май 28, 2009 14:33

                         Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҳаҷми калони зарари боришҳои шадид дар давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон аз мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ хоҳиш карда буд, ки барои рафъи оқибатҳои фалокат кӯмак расонанд.                         Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 30 май аз Австрия ва Словакия ба Тоҷикистон миқдори зиёди хаймаҳо ва генераторҳои барқӣ фиристода мешавад. Инчунин, маркази иттилоотӣ ва таҳлилии Комиссияи Аврупо ҳайати худро барои тақсими кӯмаки хайрия ба Тоҷикистон мефиристад.

Май 28, 2009 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд