АЗ ПАХТАКОРӢ БА ҒАЛЛАКОРӢ МЕГУЗАРАНД

Май 19, 2009 10:39

                     Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи пахта фаъолияти ин соҳа барои хоҷагиҳои деҳқонӣ то дараҷае бесамар дониста мешавад.                     Бино ба гуфти сарагрономи идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб Баҳринисо Назарова, дар минтақаи Кӯлоб аз кишти пахта дида, кишти сабзавот ва полезӣ ба маротиб манфиатноктар аст ва он метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намояд.                   — Дар сурате, ки пахта дар давоми 9 моҳ як маротиба ҳосил медиҳад ва аз кишти зироату сабзавот ду маротиба ҳосили дилхоҳ ба даст овардан мумкин бошад, чаро ин кори сангинро мо ба гардани деҳқон андохта, зиндагии қашшоқонаро ба ӯ раво бинем?, -мегӯяд Баҳринисо Назарова.                   Агар соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб аз 39 ҳазору 186 гектар замини пахта 6 ҳазор гектари он барои зироаткорӣ кам карда шуда бошад, соли ҷорӣ онро ба 10 ҳазор гектар расониданд.                      Пахта дар сурате манфиатовар мегардад, ки агар фармоишгари он бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаҳои барои ҳарду ҷониб мувофиқро ба имзо расонад

Май 19, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид