БАРҚИЯИ ҲАМДАРДӢ БА УНВОНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ҲОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 20 майи соли ҷорӣ ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ян Тсзечи барқияи ҳамдардӣ расид, ки матни он чунин аст: «Бо эҳсоси изтироб аз хабари селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ дар кишвари Шумо, ки боиси талафоти ҷонӣ ва зарари зиёди моддӣ гардидааст, аз номи ҳамаи кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар шахси Шумо ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ва зарардидагон изҳори ҳамдардии амиқ ва тасаллият менамоям». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






