БЕБАРАКАТӢ ДАР БОЗОРИ «БАРАКАТ»

Май 12, 2009 14:40

                   Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бозори «Баракат» аз беҳтарин лоиҳаи меъмории бозорсозии замони шӯравӣ дар Тоҷикистон дониста шудааст. Дар замони шӯравӣ яке аз ҷойҳои диданибоби сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон маҳз ҳамин бозор буд. Сайёҳон тавассути дастгоҳҳои аккосӣ гоҳе аз ошёнаи дуюм ва гоҳе аз чор даромадгоҳи дохили бозор растаҳои пур аз маводи ғизоии дар пештахтаҳои он ба тартиб чидаю одамони бо хилъати сафед дар тан ба савдо машғулро аксбардорӣ мекарданд. Он қадар харидоррон ҷамъ меомаданд, ки ба қавли мардум «сӯзан партоӣ ба замин намеафтад», ҳама чиз арзон буду хушсифат.                  Бо гузашти 25- 30 сол майдони бозори «Баракат» ва атрофи он аз зиёд шудани нуқтаҳои ғайриқонунии савдо ва каппаҳои сохтаи тоҷирон хонаи анкабутро мемонад, ки онҳо зебу фарри бозорро дар худ фурӯ бурдаанд, партовҳои атрофи он далолат аз бемаданиятии савдогарон ва ноӯҳдабароии роҳбарони бозор мекунад, ки аз «Қасри миллат» ҳамагӣ дар масофаи 450-500 метр дуртар ҷойгир аст.                 Ин аст, ки ба ин бозори номӣ дигар кассе таваҷҷӯҳ надорад ва то ҳатто роҳи ворид кардани маҳсулот ба ин бозор баста аст.                   Ногуфта намонад, ки фақат дохили бозор 750 нуқтаи савдо дошт ва он барои 2-3 ҳазор одам ризқу рӯзӣ меовард ва имрӯз чаро дари ризқи мардум бастаасту онҳо дар назди ҳар биноҳои истиқоматӣ барои худ раставу бозор кушодаанд, ки ба ҳеҷ қоидаи санитарӣ ҷавобгӯ нест ва ҳама инро нодида мегиранд. Шаҳр бошад симои шаҳриашро рӯз ба рӯз гум мекунад.

Май 12, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд