БЕМОРИИ ЗУКОМИ ХУК ДАР РУСИЯ НИЗ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Май 23, 2009 12:11

                          Маскав, 23 май. (АМИТ «Ховар» — ЛТВ.Ру). — Духтурони Русия расман тасдиқ намуданд, ки дар мамлакат ҳодисаи нахустини ба бемории хавфноки зукоми хук гирифтор шудани одамон ба қайд гирифта шуд. Хабар дода мешавад, ки муаллими 28 — солаи Донишгоҳи Ню — Йорк ба шаҳри Жуковскии вилояти Маскав ба назди падару модараш омадааст. Вай дар ин ҷо бемор шуд ва бо ҳарорати баланд ба шифохонаи 1 — уми клиникии бемориҳои гузарандаи Маскав фиристода шуд. Духтурон аллакай падару модар ва хешу таборони беморро муоина намуданд. Дар онҳо микробҳои беморӣ ёфт нашуданд.                               Роҳбари Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Федератсияи Русия Геннадий Онищенко зикр намуд, ки вазъи саломатии бемор айни ҳол қаноатбахш аст. Агар натиҷаҳои ташхис саломатии беморро нишон диҳанд, ӯ рӯзҳои наздик аз шифохона ҷавоб дода мешавад, гуфт вай.

Май 23, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд