БЕШ АЗ 5 ҲАЗОР МАКТАББАЧАГОН ДАР ФАРОҒАТГОҲҲО ДАМ МЕГИРАНД

Май 16, 2009 10:16

                       Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тобистони соли ҷорӣ беш аз 5 ҳазор мактаббачагон дар фароғатгоҳҳои тобистонаи Варзобу Ромит дам мегиранд.                      Тибқи нақша, истироҳати бачагон дар ду баст барои 1 ҳазору 600 нафар хонандагони пойтахт пешбини шудааст, — иброз дошт котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов. Ҳамчунин беш аз 3 ҳазору 600 нафар хонандагони пойтахт дар лагерҳои мактабӣ фаро гирифта мешаванд.                     Ба гуфти ҳамин манбаъ, фароғати тобистонаи бачагони интернатҳо, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби маблағи буҷети шаҳр ташкил карда мешавад.  

Май 16, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд