БМТ: — «НУҚТАҲОИ ПАЁМ АМАЛӣ МЕШАВАНД»
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ паҳлӯҳои мухталифи сиёсати минбаъдаи дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ҷиҳати рушди устувори иқтисоди миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вусъат додани равобити байналмилалӣ ва паҳлӯҳои дигари сиёсати давлат дар назди роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои нав гузошт. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нуқтаҳои махсуси ин Паём вазифадор шуд, ки бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ муносиботро густариш дода, сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкиро тақвият бахшад. Дар Паём махсус қайд шудааст, ки: "Бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба Ҳукумат ва Бонки миллӣ зарур аст, ки ҳамкории худро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшанд. Бо дарназардошти нақши муҳими низоми бонкӣ дастгирии минбаъдаи он бо истифодаи фишангҳои иқтисодӣ бояд идома ёбад". Дар ин самт, имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати мутавозуни пулию қарзиро вобаста ба бартараф намудани таъсири бӯҳрони моливию иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори низоми бонкии кишвар татбиқ намуда истодааст. Мавриди зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ вусъат медиҳад. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт (PRGF) барои дастгирии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва дигар институтҳои молиявӣ корҳои муайян идома ёфта истодаанд. Ҳамзамон, дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА оиди ташкили механизми мубориза бар зидди софкории пул ва маблағгузории терроризм (AML/CFT) чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати такмили қонунгузории бонкӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" як қатор тағйироту иловаҳо дохил карда шудаанд, ки айни ҳол дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешбинӣ намудани андозаи хавфи пардохтпазирӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ, тағйирот ба Феҳрасти шаклҳои ҳисоботҳои батанзимдарории фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ ва Феҳрасти шаклҳои ҳисоботҳои батанзимдарории фаъолияти ҷамъиятҳои қарзӣ дохил карда аст, ки мутобиқи он аз ҷониби бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ ҳар даҳрӯза барои гузаронидани таҳлили пардохтпазирии онҳо маълумот пешниҳод карда мешавад. Инчунин, бо мақсади самаранок гузаронидани тафтиши сифати сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ Роҳнамо "Оид ба тартиби баҳодиҳии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ" аз таърихи 27 марти соли 2009 қабул карда шудааст, ки ба баҳодиҳии мутобиқати сармоя, сифати дороиҳо, пардохтпазирӣ, салоҳияти идоракунӣ, сифат ва дараҷаи даромаднокии ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст. Гуфтанист, ки ҷиҳати дастгирии минбаъдаи низоми бонкӣ ба Бонки миллӣ супориш дода шуда буд, ки фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашавандаро аз 12 ба 10 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмиро аз 10 ба 8 фоиз кам намояд. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии минбаъдаи низоми бонкии кишвар як қатор чораҳои мушаххас анҷом дод. Аз ҷумла, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2009 меъёри фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашаванда аз 12,0 фоиз то 10,0 фоизи солона ва бо қарори дигар аз 17 апрели соли ҷорӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ аз 9,0 фоиз то 7,0 фоиз барои пули миллӣ ва аз 11,0 фоиз то 9,0 фоиз барои асъори хориҷӣ паст карда шуданд. Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ пайваста қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод намуда истода, баҳри фаъолияти мӯътадили низоми бонкии кишвар минбаъд ҳам тадбирҳои дахлдорро амалӣ менамояд.