БО ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ БО АФҒОНИСТОН СӮҲБАТ МЕКУНЕМ!

Май 21, 2009 08:19

                       Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ба наздикӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон хатти нави алоқаи телефонии мобилӣ ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳам мепайвандад.                        Дар маросими ба истифода додани он муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия Бег Зуҳуров, сардори ширкати «Тоҷиктелеком» Музаффар Ҳимматов, сарпарасти соҳаи алоқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир Давлатшоҳ Мақсудов , сардори филиали «Тоҷиктелеком»- и ноҳия Абдулвосеъ Ҳабибов, намояндаи Асосиатсияи операторони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон Ғаффор Эркаев, сардори ширкати «ТТ -мобайл» Гулмаҳмад Қаюмов, сардори ширкати мобилии «Индиго» Баҳриддин Наҷмиддинов, сардори ширкати Интернет-провайдер Абўбакр Шарифов ва дигар масъулини соҳаи алоқа ширкат варзиданд.                         Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Бег Зуҳуров дар маросими кушодашавии нахустин маркази мухобиротӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, ки минбаъд шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя метавонанд бе мушкилӣ бо сифати аъло ва нархи арзон бе малол сўҳбат намоянд. Ў ҳамчунин афзуд, ин дар ҳолест, ки қаблан ҳангоми сўҳбат бо Тоҷикистон ва ё аз ин кишвар ба Афғонистон шаҳрвандон сараввал ба Ҷумҳурии Русия пайваст мешуданд ва ин нарх ба ҳар дуи кишвар хело ҳам гарон буд. Маҳз бо кўмаки бевоситаи Президенти мамлакат Э.Раҳмон, Ҳукумати ҶТ ва оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» 250 км, яъне аз шаҳри Душанбе то мавзеи Қарадум ё худ Панҷи поён ва 4 км дигар дар қаламрави Афғонистон хатти алоқаи телефонӣ кашида шуд. Ин пайвастшавӣ ба фоидаи ҳар ду кишвар хоҳад буд, гуфт ў. Хароҷоти он мегўяд, Бег Сабурович, қариб 15 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.                        — Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчунин тасмим дорад, чунин база ва хатҳои алоқаро бо Ҷумҳурии халқии Чин аввалҳои моҳи сентябр васл кунад.                         Сардори филиали «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Қумсангир Абдулвосеъ Ҳабибов, дар сӯҳбат бо хабаргинорон гуфт, ки Тоҷикистон ҳам имрўз яке аз давлатҳои транзитӣ ба шумор меравад. Маҳз ин иқдоми мо метавонад сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад. Байни оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Афғонтелеком» созишнома ба имзо расид. Ин иқдоми пешгирифта аз фоида холӣ нахоҳад буд, гуфт Ҳабибов. Намояндаи Ассосиатсияи операторони телефонхои мобилӣ Ғаффор Эркаев низ аз кушодашавии хати нави алоқаи телефонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Бино ба иттилоои сардори ширкати «Индиго Тоҷикистон» Баҳриддин Наҷмиддинов, нархи хизмати алоқаи телефонии миёни Афғонистон ва Тоҷикистон 30 фоиз коҳиш ёфт. Ў афзуд, ки васл кардани хати алоқа муддати як моҳ давом намуд ва дар ин муддати кўтоҳ гарчанде кормандони ин ҷамъият ба мушкилот рў ба рў ҳам шуда бошанд, лекин онҳо аввалин шуда, ба муваффақияти муҳим ноил гаштанд. Дар ҳамин радиф корманди масъули вазорати мухобиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Рамазон Сабот зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аксари минтақаҳои Афғонистон бо мухобирот ва алоқаи мобилӣ дастрасӣ надоранд.                       Дар фарҷоми ҷамъомад Бег Зуҳуров ба 18 нафар коргари пешқадам мукофотҳо супорид.   

Май 21, 2009 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт