ЧОРАБИНИИ САРИВАҚТӢ

Май 8, 2009 18:53

                      Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар вохӯрии директори генералии ЮНЕСКО бо Президенти кишвар пешниҳод шуд, ки Қалъаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим ба феҳрасти умумиҷаҳонӣ ворид гардад. Тавре номзади илмҳои таърих, декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Алоҳуддин Шоҳинбеков иттилоъ дод, дар китоби олими шинохта А.Д. Бобоев «Дижҳои кӯҳани Вахон» омадааст, ки дижи Ямчун дар қарни 2-юми қабл аз мелод бунёд ёфтаасту, то асри VII милодӣ, яъне то паҳншавии Ислом дар ин ҷо соҳибони диж салтанат доштанд. Дижи Ямчунро аз санг бунёд кардаанд.  Ба ин нигоҳ накарда, бо мурури замон деворҳои он хеле хароб шудаанд. Фикр мекунам, ки ин тадбир саривақтист, зеро агар 2 соли дигар ин диж таъмир нашавад, шояд ба пуррагӣ нобуд мегардад.

Май 8, 2009 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд