ЧОРВОДОРӢ СОҲАИ ДАРОМАДНОК АСТ

Май 27, 2009 16:47

                        Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, саршумори чорвою парранда нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 18, 7 фоиз зиёд гардидааст.                           — Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ буда, аҳолиро бо маҳсулоти озуқа; гӯшт, шир, тухм, асал ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд,- иброз дошт сардори Раёсати чорводорӣ Музаффар Мирзоев.                          Мутобиқи маълумоти Кумитаи давлатии омор то 1-уми майи соли 2009 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1793,9 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 932,1 ҳазор сар модагов, 4281, 3 ҳазор сар бузу гӯсфанд, 76,9 ҳазор сар асп, 3614, 4 ҳазор сар парранда мавҷуд аст.                          Дар ин давра18,9 ҳазор тонна гӯшт, 113,8 тонна шир, 44727, 5 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст. Ҳамаи ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки даромади аҳолӣ аз ҳисоби чорвою парранда сол аз сол беҳтар мегардад.

Май 27, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд