Д.ДАВЛАТЗОДА: «ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН РИСОЛАТИ АСОСИИ ҲХДТ»
Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯзҳо таҳти таасуроти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар робита зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Давлаталӣ Давлатзода, гуфт, ки Паёми имсола вобаста ба вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, таҳаввулоти бузурги дар минтақа ва ҷаҳон ба амал омада ва таъсири он ба иқтисоду сиёсати Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҷаноби Олӣ манзур гардид, ки дар он ба таъсири бӯҳрони шадиди молиявии иқтисодӣ ба пешрафти Тоҷикистон баҳои воқеӣ дода шудааст. Давлатзода мегӯяд, ки то оғози бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ дохил гардида ба он муваффақ шуд ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид. Сол то сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд шуда истодааст. Масалан соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбати соли 2007 — 35% афзудааст. Музди меҳнат 28 фоиз ва нафақа 2 баробар зиёд гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд. Дар робита ба пешгирии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ силсилаи тадбирҳо андешида шуда барои бо кор таъмин кардани қувваи қобили меҳнат дар саросари ҷумҳурӣ якчанд ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ташкил гардид, ки бо ин васила қариб 50 ҳазор одамон бо шуғли гуногун фаро гирифта шуданд. Аммо таъсири бӯҳрон аллакай дар давоми се моҳи гузашта бараъло мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷет иҷро нашуд. Бинобар паст шудани нархи хариди пахтаю алюминий ба андозаи аз 30 то 50% дар бозори ҷаҳонӣ, ки онҳо маҳсулоти асосии содиротии мо ба ҳисоб меравад, иқтисоди мо зиён дида истодааст. Оё ягон тадбири зиддибӯҳронӣ андешида шудааст? Албатта, Ҳукумати ҷумҳурӣ комиссияи босалоҳияти зиддибӯҳронӣ таъсис дод, ки он аллакай дар асоси нақшаи алоҳида фаъолият дорад. Парлумони мамлакат бо назардошти бӯҳрони молиявӣ Қонуни буҷети мамлакатро аз нав дида баромада ба он тағйиру иловаҳо ворид кард. Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ ба 280 миллион сомонӣ ва барои таъмини мувозинати пардохту низоми пули мамлакат ба 300 миллион сомонӣ эҳтиёҷ дорад, ки ин маблағҳоро интизор меравад аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва Хазинаи ҷаҳонии асъор дарёфт намоем. Вале як чиз мусаллам аст, ки ин созмонҳо ҷиҳати таҳияи қарзҳо шарту шароити худро доранд. Дар мавриди раҳоӣ аз вазъи бӯҳрони молиявӣ чӣ бояд кард? Барои аз вазъияти бӯҳронӣ берун баромадан моро лозим аст, ки бахшҳои воқеии рушди иқтисод аз ҷумла, соҳибкории хурду миёнаро рушд бахшем, ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ ташкил кунем, бозори меҳнатро дастгирӣ намоем ва барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ чораҳои мушаххас андешем. Бояд гуфт, ки баъзе афзалиятҳо дар мавриди пардохти андозҳо аз нав дида баромада мешавад. Бо вуҷуди ин ба таъкиди Сарвари давлат ӯҳдадориҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнат, афзун кардани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва дигар соҳаи иҷтимоӣ, нафақа, стипендия ва ҷубронпулиҳои иҷтимоӣ бояд ҳатман иҷро гарданд. Вазъияти баамаломада ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро водор мекунад, ки бо дарки масъулияти баланд аз ҳама гуна хароҷоти дуюмдараҷа ва гузаронидани чорабиниҳои бемавқеъ худдорӣ намоянд. Маҳз ҳамин иқдомҳо ифодаи воқеии ватандӯстӣ ва кори амалӣ баҳри рафъи бӯҳрон хоҳад буд. Давлат соҳибкории хурду миёнаро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ менамояд. Барои сармоягузории хориҷию ватанӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ба соҳибкорон дар мавриди пардохти андозҳо имтиёзҳо дода мешавад. Ҷараёни қарздиҳӣ хеле содда карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ ҳоло 60 лоиҳа бо маблағи умумии 6,4 миллиард сомонӣ амалӣ гашта истодааст. Бо тавсияи Шӯрои машваратии назди Президент ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид карда мешаванд, ки барои сабту қайди корхонаю ширкатҳои хусусӣ шароити хеле мусоид фароҳам меорад. Ҳамкории ҲХДТ бо соҳибкорон ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ дар кадом сатҳ аст? Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мусоидат ва шароити муҳайё сохтаи давлат барои соҳибкорон истиқбол намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳар як аъзои ҳизб мустақиман ва ғайримустақим бо соҳибкорони хурду миёна иртибот доранд. Бинобар ин мо пеш аз ҳама бояд ба ҳамин категорияи соҳибкорон, чуноне ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизбамон таъкид ёфтааст, такя намуда, талош варзем, ки ҳарчӣ бештар барои ҳамвор гаштани фаъолияти онҳо тадбирҳо андешем ва онҳоро дастгирӣ намоем. Дастгирӣ ва мусоидати Шумо дар чӣ ифода меёбад? Пеш аз ҳама дастгирии мо ҳизбиён дар риоя ва татбиқӣ амалии афзалиятҳое, ки давлат кафолат медиҳад, зоҳир мегардад. Ман мавқеи баъзе намояндагони ҳизбҳои сиёсиро фаҳмида наметавонам, ки аз минбарҳои гуногун баромад карда, талаб мекунанд, ки давлат заводу фабрика созад. Ҳоло он ки давлат барои бунёди корхонаҳо ҳамаи заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохтааст. Давлат ҳамзамон барои рушду инкишофи соҳибкорӣ имкониятҳо ва шароити хубе фароҳам овардааст. Масалан ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Президент супориш дода буд, ки дар давоми соли ҷорӣ умуман аз санҷиши фаъолияти молиявии бахши хусусӣ худдорӣ намояд. Инчунин, бо фармони Президент аз моҳи июли соли 2008 ба ҳамаи намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба муддати ду сол моратория эълон карда шудааст. Президенти мамлакат бо мақсади содда кардани расмиёти сабту қайди соҳибкории хурду миёна иқдоми муҳиму шоистаеро пайгирӣ карданд. Яъне бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ барои ба қайдгирии соҳибкорӣ принсипи «Равзанаи ягона» ҷорӣ мегардад. Саргардониҳои беҳуда ва зиёдатӣ хеле кам мешавад ва ҳар шахси хоҳишманд, ки нияти таъсиси коргоҳи хусусӣ дорад, имконият пайдо мекунад, ки мақсадашро дар мӯҳлати кӯтоҳ амалӣ гардонад. Ҳоло як соҳибкор ё шаҳрванд барои сабти фаъолияташ 50 рӯзашро сарф карда, қариб 20 амалиёт бояд гузаронад. Баъди ҷорӣ гаштани усули «Равзанаи ягона» дар давоми 5 рӯз бо анҷоми се амалиёт метавонад фаъолияти соҳибкориашро аз қайди давлатӣ гузаронад. Дар ин маврид пеш аз ҳама монеаҳои маъмурӣ, заминаи қонунгузорӣ ва тафаккури шахшудаи мансабдорон бояд тағйир дода шавад. Бинобар ин бояд аъзои ҲҲДТ, фаъолони он дар ин масъала намунаи ибрат бошанд. Ҳар як аъзои ҳизб бояд донад, ки пешрафти соҳибкории хурду миёна қабл аз ҳама ба афзоиши ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли самараноки бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Барои бақайдгирии соҳибкорӣ аз технологияҳои наву замонавӣ, яъне маълумотдиҳӣ бояд истифода кард, ки он боварии мутақобилаи сохторҳои давлатӣ ва соҳибкоронро тақвият мебахшад. Чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид. Шумо ин Фармонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қадами муҳим дар роҳи сарфа намудани нерӯи барқ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар аст. Ва яке аз самтҳои фаъолияти аъзои ҳизб таблиғу ташвиқи истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки бинобар камбуди нерӯи барқ бисёр корхонаҳои саноатӣ бо реҷаи маҳдуди истифодаи барқ кор карда истодаанд ва аз ҳамин сабаб истеҳсоли маҳсулот соли гузашта 8,2 фоиз кам шуд. Мақсади роҳбарияти ҷумҳурӣ ин аст, ки дар зарфи се соли оянда аҳолӣ бо гази табиии худӣ пурра таъмин карда шавад ва дар давоми чор сол истиқлолияти энергетикӣ таъмин гардад. Аммо аз ҳоло мо метавонем бо истифодаи захираҳои мавҷуда ба сарфаи воқеии барқ комёб шавем. Мо бояд дар байни мардум таблиғ намоем, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи барқ, обу газро ёд гиранд. Президенти мамлакат дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи сарфаи барқ мисолҳои мушаххас оварданд. Агар мо лампаҳои каммасрафро истифода барем, дар як сол беш аз 3 милиард киловатт — соат нерӯи барқро сарфа мекунем, ки он ба нерӯи як истгоҳи барқи обии 810 мегаватта баробар аст. Мо ҳизбиён бояд дар мавриди истифодаи лампаҳои каммасраф ташаббус нишон диҳем. Ва ин амали хайру муфидро дар байни омма ташвиқ намоем. Дар бисёр давлатҳо аз ҷумла, Амрико ва баъзе кишварҳои Аврупо истифодаи лампаҳои серхарҷ қонунан кам шудааст. Вақте ки ҳизби аксарияти парлумонӣ ҳастем, вақте ки масъулияти ҳукуматдорӣ асосан бар дӯши ҲХДТ вогузор аст, бояд аз ӯҳдаи ин рисолат бо сарбаландӣ бароем. Тамоми ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона созем, ки дар мавриди амалӣ кардани нақшаҳои давлатӣ оид ба рушди иқтисоду фарҳанг, раҳоӣ аз бӯҳрони молию энергетикӣ ташабусскор бошем ва саҳми арзандаи худро гузорем. Саҳми ҲХДТ дар татбиқи идеологияи давлатдорӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ ва умуиан пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад? Модоме, ки ҲХДТ- ро ҳизби сари қудрат мегӯянд ва ҳизби воқеан аксарияти парлумонӣ ҳаст, месазад ки фаъолиятамонро пурзӯр намоем. Хусусан, дар пешбурди кори сиёсию идеологӣ устувор намудани иқтисоди кишвар, пояҳои давлатдорӣ, андешидани тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ки он кори осон ва ҳамвор нест. Барои расидан ба ҳадафҳои созанда заҳмати шабонарӯзӣ кашидан лозим аст. Аммо, дар мавриди таблиғу ташвиқи кори сиёсӣ дар ҳизби мо ҳанӯз камбудиҳо хеле зиёданд. Пеш аз ҳама ин нуқсонҳо дар амалияи кори ҳизбии мо сурат мегирад. Сухан дар бораи хотирҷамъӣ, бетафовутӣ ва бетарафии баъзе кормандони ҳизб нисбати таҳаввулоти дар ҷомеа ба амал омада меравад. Дар бисёр мавридҳо рисолати ҳизби пешсафи ҷомеа буданамонро фаромӯш мекунем. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон аз нигоҳи стратегӣ мавқеи хеле муҳим дорад ва дар пешорӯи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд аз ин мавқеи мо ба манфиати худ истифода баранд. Тоҷикистонро ба майдони таҷрибаҳои гуногуни сиёсию динӣ ва мазҳабӣ табдил додан мехоҳанд. Ба тавлиду фаъолияти густурдаи ҳар гуна равияҳои мазҳабӣ мусоидат мекунанд. Саҳнаи сиёсии Тоҷикистонро барои чунин таҷрибаҳо мувофиқ медонанд. Аз ҳамин ҷост, ки салафия ҳам ба майдон меояду ҳизби таҳриру байату ҷамоаи таблиғ, аҳмадия ва ғайра. Боиси таасуф аст, ки баъзе аз шахсони ноустувор бар ивази маблағе ё мусоидатҳои дигаре аз дунболи чунин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ мераванд. Ва ҳамаи ин зуҳуроти номатлуб дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад, зеро ки дар марказ ҳамеша огоҳӣ ва сатҳи сиёсии мардум ҳассостар ба назар мерасад. Масалан соли гузашта дар минтақаи Рашт семинари ҷумҳуриявии ҳизбро мегузарондем, мардум рӯирост гуфтанд, ки ҳар ангезаи манфие, ки ба амал меояд, аввал дар маркази ҷумҳурӣ аз худ дарак медиҳад. Воқеан ҳам мо дар ин минтақа ҳиҷобу рӯсариро надидем. Равияҳои ғайриқонунии мазҳабӣ ҳам фаъолият надоранд. Ҳамаи ин аз он далолат мекунад, ки дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашудааст. Ва эродҳои роҳбарияти ҳизб дар ин бобат беасос нест. Ҳарчанд, ки нигаронии мақомоти олии ҳизб ба самъи раисони комиҷроияҳо ва кормандони масъули ҳизбӣ расонда шуда бошад ҳам чораҷӯиҳои мушаххас ва таъсирбахш то имрӯз эҳсос намешавад. Мо интизор будем, ки комиҷроияи ҳизби шаҳри Душанбе таъҷилан ҷаласаи васеи ҳизбӣ ороста ин масъаларо ҷиддан баррасӣ мекунад. Фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотиро бознигарӣ карда, тибқи нақша ва барномаи мушаххас аз паи ислоҳи камбудиҳо мешавад. Аммо, мутаассифона ин тавр нашуд. Аз ҷониби ташкилотҳои поёнӣ низ ташаббусу иқдоме сурат нагирифт. Баъд аз он ҳангоме, ки мо гурӯҳҳои таблиғотии занону ҷавононро ба ташкилотҳои шаҳри Душанбе ва маҳаллаҳои он фиристодем маълум гардид, ки аҳолии пойтахт кайҳо боз муштоқи чунин мулоқот мебошанд. Онҳо аз намояндагони ҳизб хоҳиш мекарданд, ки ҳар фурсат бо онҳо вохӯрӣ ташкил намуда, аз вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар бо онҳо сӯҳбат доир намоянд. Соли равон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли муҳим ба шумор меравад. Зеро дар ин сол омодагиҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, инчунин аз таъсиси ҲХДТ 15 сол пур мегардад. 15 -умин солгарди таъсиси ҲХДТ бо кадом дастовардҳо таҷлил мегардад? Воқеан соли ҷорӣ барои тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ соли муҳим, соли пурзӯр намудани фаъолияти таблиғотию ташвиқотист. Зеро дар пеш интихоботи Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ истодааст. Инчунин, моро лозим аст, ки 15 — солагии таъсиси ҳизбро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намоем. Ба ин муносибат нақшаи чорабиниҳо таҳиягардида аз ҷониби Сарвари ҳизбамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст. Дар гузоришҳое, ки гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ манзур сохтанд, вазъи воқеии сиёсию иҷтимоии пойтахтро то андозае равшан месозад. Аммо вақте, ки комиҷроияҳои ҳизбии ноҳияҳо ин корро ҳамарӯза анҷом медоданд, вазъи сиёсӣ хеле тағйир меёфт. Дар маҳаллаҳо ва ташкилоту корхонаҳо дуруст талаб мекунанд, ки кормандони ҳизбӣ мунтазам ба наздашон раванд, ҳолати иҷтимоию сиёсиро фаҳмонанд, ба арзашон бирасанд. Лекин чуноне маълум мегардад, алоқаи кормандони ҳизбӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ хеле суст ба роҳ монда шудааст, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Ҳамин тариқ, гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи ҲХДТ дар ҷараёни фаъолияташон, ки қариб ду моҳ идома ёфт, диққати асосиро ба мулоқотҳо ва вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаҳо равона карданд. Зеро ки дар маҳаллаҳои пойтахт аксаран созмонҳои ибтидоии ҳизбӣ то ҳол фаъолияти самарабахш надоранд. Фақат дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, қисман дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ташкили созмонҳои ибтидоӣ дар маҳаллаҳо иқдом карда истодаанд. Бояд таъкид сохт, ки аҳзоби сиёсии дигар маҳз дар байни ҳамин гуна табақаи мардум яъне дар маҳаллаҳо кор бурда истодаанд. Яъне, онҳо ҷои ҳассос ва холигоҳи сиёсиро медонанд ва барои мавқеашонро мустаҳкам намудан дар миёни халқ таблиғоти сиёсии худро мебаранд. Аз вохӯрию мулоқотҳо бо ин табақаҳои аҳолӣ маълум мегардад, ки онҳо воқеан ҳам мехоҳанд бо намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо ва аҳзоби сиёсӣ сӯҳбатҳо дошта бошанд, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳонро фаҳмида гиранд, сабабҳои обективии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва умуман душвориҳои рӯзгорашонро мушаххас намоянд. Мардум бештар ба он чиз ниёзманд аст, ки таъсири бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ, пайдоиши равияҳои гуногуни ғайриқонунии мазҳабӣ ва тадбирҳое, ки ҳукумат барои рафъи бӯҳрон анҷом медиҳад, дониста гиранд. Онҳо хуб мефаҳманд, ки мушкилот, масалан таъмитрталаб будани роҳу купрӯкҳо, ҳолати партовгоҳҳо, камбуди барқу газ, оби нӯшокӣ ва ғайра муваққатӣ ва бартарафшавандаанд. Ҳарифони сиёсии мо бошанд маҳз ҳамин камбудиҳоро дастак карда мехоҳанд дар байни омма нуфузи худро афзоиш диҳанд. Барои ҳамин ҳам кормандони ҳизбӣ, мутахассисони ҳизбии комиҷроияҳои мо бояд ҳамеша дар байни мардум бошанд. Ба назди мардум рафтан дар шароити имрӯза ба шаклу услуби кӯҳна дигар намешавад. Мулоқоти дилбазан оростан ба зарари кор аст. Бояд аз усулҳои наву ҷолиб истифода кард. Дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ бояд шахсиятҳои донишманд, огоҳу бохабар аз вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, сухандону нотиқ бошанд. Онҳо қудрату малакае дошта бошанд ки таваҷҷӯҳи аҳли толорро ҷалб карда тавонанд. Барои мо маълум аст, ки расман дар коғаз дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ вобаста ба шумораи аъзо аз се то 5 ва 7 нафарӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ созмон додаанд. Вале аксарияти онҳо фаъол нестанд. Кори кардаашон дар ягон ҷой сабт нашудааст. Аслан гирем, натиҷаи кори ҳизби сиёсӣ дар давраи интихоботҳо муайян ва мушаххас мегардад. Дар ин бобат ҳизби мо таҷрибаи фаровоне андӯхтааст. То кадом андоза мо ба пирӯзию муваффақият мерасем, аз натиҷаи интихоботҳо маълум мегардад. Ҳамаи он комёбиҳое, ки дар интихоботи соли 2005 ба даст оварда будем, ташкилотҳои Ҳизбиро бояд хотирҷамъ насозад. Баръакс, бояд натиҷаҳои овоздиҳиро дар ҳар як минтақаи овоздиҳӣ баррасӣ ва таҳлил карда, нуқтаҳои заъфи кори ҳизбию сиёсиамонро муайян намоем ва хулосаҳои зарурӣ барорем. Дар он маҳалҳое, ки номзадҳои мо овози нисбатан кам гирифтаанд, кори таблиғотиро бояд пурзӯр намоем. Мо бояд фаъолияти ҳизбию сиёсиро боз ҳам тақвият бахшем, аз ин гуна имтиҳонҳо сабақ гирем. Зеро ки интихоботи соли оянда чуноне ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар фазои муборизаҳои шадиди сиёсӣ мегузарад. Дар замина чуноне Сарвари муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд ҳама гуна маъракаҳои сиёсии мо бояд озодона ва ба таври демократию шаффоф баргузор шавад. «Пеш аз ҳама тамоми қувваҳои сиёсӣ, ҳизбҳову шаҳрвандони алоҳида, ки барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ мубориза мебаранд, бояд фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ амалӣ намоянд», — зикр намуданд, Президенти мамлакат дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гуфтаҳои Президенти кишвар — пешвои ҳизбамон моро вазифадор месозад, ки талош намоем ва ҳамаи донишу ҳунар ва таҷрибаамонро ба кор барем, то ки ин маъракаи сиёсӣ дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират дар сатҳи баланд баргузор шуда, намунаи ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва сатҳи баландӣ сиёсӣ бошад. Як нуктаро бояд зикр созам, ки бори вазнини муборизаҳои сиёсӣ ба шаҳри Душанбе — пойтахти кишвар рост меояд. Зеро ки дар ин маркази маъмурию фарҳангӣ ва илмӣ таҳаввулотҳои сиёсӣ пештар аз ҳама қабул ва эҳсос мегардад. Мардуми шаҳр ҳам бештар маърифати ҳуқуқию сиёсӣ доранд ва муҳимтар аз ҳама дар таъйини тақдири ҷомеа бештар масъулият дарк мекунанд. Вобаста ба вазъияти сиёсию иҷтимоии мамлакат мехоҳам вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҳизбиро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, баён намоям. Ташкилотҳои ҲХДТ -ро лозим аст, ки барои иҷрои дастуру нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда, дар амри хайри бозсозии иқтисод, рушди мамлакат, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳар як аъзои ҳизб бо масъулияти том ва муташаккилона ҷиҳати коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ иштирок карда, дар ин амри хайр бояд нақши мустақим дошта бошад.Комиҷроияҳои ҳизбиро лозим аст, ки рафти иҷрои ташаббуси ҳизбро бобати истифодаи бештари лампаҳо ва асбобҳои дигари каммасраф таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб санҷишҳо гузаронанд. Созмонҳои ҳизбии вилоятҳо , шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин гурӯҳҳои таблиғотии худро аз нав дида баромада, барои ташвиқу фаҳмондани нуктаҳои Паём аз усулҳои ҷолибу дастраси таблиғотӣ истифода баранд. Вазифаи ҳар як ташкилоти ҳизбӣ дар марҳилаи кунунӣ аз он иборат аст, ки омодагиро ба маъракаи дар пеш истодаи интихоботҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пурзӯр намуда, номзадҳои арзандаро ба вакилӣ пешбари намоянд ва ба он муваффақ шаванд, ки интихоботҳо чун солҳои пешин шаффофу озодона ва дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаранд. Бо назардошти он ки дар саросари ҷумҳури ба муносибати 15 — солагии таъсисёбии ҳизб чорабиниҳо гузашта истодаанд, созмонҳои ҳизбиро лозим аст, ки ин тадбирҳоро барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб истифода баранд, то ки таъсиру нуфузи ҳизб дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёбад. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи пешвои муаззами ҳизбамон Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, бо татбиқи дастуру ҳидоятҳои ӯ ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».