ДАР ДУШАНБЕ ИБОДАТХОНАИ ЯҲУДИЁН КУШОДА ШУД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар шаҳри Душанбе дар наздикии масҷиди ҷомеи Сариосиё ибодатхонаи нави яҳудиён (синагога) кушода шуд. Дар маросими кушода шудани он ҳайати Анҷумани яҳудиёни сокини мамлакатҳои Евразия ва намояндагони Раёсати масъалаҳои дини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бинои кӯҳнаи ибодатхонаи яҳудиён дар Душанбе ҳанӯз соли 2008 мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр ва сохтмони Қасри миллат вайрон карда шуда буд. Аз дафтари матбуоти вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ибодатхонаи мазкур ягона ибодатхонаи яҳудиён дар миқёси мамлакат мебошад. Ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон айни ҳол бештар аз 300 нафар аъзо дорад, ки қисми зиёди онҳо маросимҳои динии худро дар ҳамин ибодатхона мегузаронанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






