ДАР ХАТЛОН СЕ КОРХОНАИ НАВ БА КОР ШУРӮЪ КАРД
Қӯрғонтеппа, 4 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон се корхонаи нав кушода шуд. Дар даромадгоҳи шаҳри Сарбанд маркази нави хизматрасонии маишӣ дари худро боз кард, ки бо кушода шудани ин марказ 10 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти марказ тасмим гирифтааст, ки доираи фаъолияти худро васеъ карда, то 30 ҷои кори иловагӣ ташкил намояд. Ҳамзамон, корхонаи шағалбарорӣ ба фаъолияти шурӯъ намуд. Корхона истеҳсоли қум ва шағалро ба роҳ монда, дар як шабонарӯз истеҳсоли он то 200 тонна расонида мешавад. Кушода шудани корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки сохтмонҳои вилоят бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин гарданд. Бо кушода шудани ин иншооти истеҳсолӣ боз 16 нафари дигар бо ҷои кор таъмин шуданд. Ба кор шурӯъ намудани корхонаи ордбарорӣ бошад ба таъмин кардани аҳолӣ бо орди хушсифат ва арзон мусоидат мекунад. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи ордбарорӣ роҳбарияти он қайд кард, ки корхона дар як шабонарӯз аз 80 то 90 тонна орд мебарорад. Маоши миёнаи коргарон 300 сомониро ташкил медиҳад. Алҳол дар корхона 30 нафар кор карда, дар нақша фароҳам овардани ҷои корӣ барои 30 нафари дигар дар назар аст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






