ДАР ХУҶАНД 50 ОИЛАИ НАВ БУНЁД МЕГАРДАД

Май 16, 2009 11:09

                      Душанбе, 16 май.( АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ 17 май дар шаҳри бостонии Хуҷанд маросими тӯйи арӯсии 50 ҷуфт ҷавонони ин шаҳр баргузор мегардад.                    Ташаббускори ин чорабинӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон аст.                   Аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чорабинӣ дар доираи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон баргузор гардида, ҳадафи он камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯйҳои хонадоршавӣ аст. Ҳамчунин, баргузории чунин тӯйҳои дастаҷамъона ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат менамояд.                       Назар ба иттилои раиси намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хуманӣ дар Душанбе, Сайидҷаводи Разавӣ ба 50 ҷуфт навхонадорон ба маблағи 1,5 ҳазор доллар ҷиҳози рӯзгор тақдим карда мешавад. Ҳамчунин, ба 25 нафар беҳтарин хатмкунандагони курсҳои дӯзандагии Маркази дӯзандагии шаҳри Хуҷанд мошинаи дарздӯзӣ тӯҳфа карда мешавад.

Май 16, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд