ДАР МАСКАВ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ СААД БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Маскав, 28 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 3 июн дар шаҳри Маскав дар Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои созмон баргузор мегардад. Рӯзномаи он қариб 20 масъаларо дар бар мегирад. Иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои мулоқоти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмонро дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ муҳокима мекунанд. Раиси Шӯрои вазирони мудофиа дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаи сохтори воҳидҳои муштараки низомии созмон дар давраи то соли 2010 ва солҳои оянда, лоиҳаи созишномаҳо дар бораи принсипҳои асосии бунёди системаи назорати махфии қувваҳои низомӣ ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра маърӯза хоҳад кард. Дар маҷлис ба вазъъияти имрӯзаи Афғонистон ва тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла, паҳн гардидани маводи нашъадор аз ин мамлакат таваҷҷӯҳи калон зоҳир карда мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






