ДАР ПОЙТАХТ НИГОҲ ДОШТАНИ ЧОРВО ВА МУРҒОН МАНЪ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 19 май раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони корхонаю муассисаҳои хизматрасонии шаҳр маҷлис гузаронд. Дар маҷлис М. Убайдуллоев дар асоси қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ки онро палатаи болоии парлумони мамлакат 18 май тасдиқ кардааст, нигоҳ доштан ва парвариши чорвои калону хурди шохдор, инчунин харгӯш ва мурғи хонагиро дар ҳудуди шаҳр манъ намуд. «Фармони раиси шаҳр ба нигоҳ доштани саг, гурба ва паррандаҳои хонагӣ дахл намекунад, дар сурате ки соҳибони онҳо иҷозатномаи махсуси муассисаҳои байториро дошта бошанд»,- қайд намуд раиси шаҳр дар рафти маҷлис. Котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳадафи фармон дар шаҳри Душанбе ҷорӣ кардани қоидаҳои санитарӣ ва пешгирии бемориҳои гузаранда мебошад. «Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 эътибор пайдо мекунад ва барои иҷро накардани он мувофиқи қонун ҷазо дода хоҳад шуд».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






