ДАР СУҒД АМАЛИЁТИ «КӮКНОР-2009» ОҒОЗ ЁФТ

Май 21, 2009 16:01

                         Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 10 май то 30 ноябри соли 2009 дар миқёси вилояти Суғд, бо ҳадафи ташкили муборизаи якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар идораҳои дахлдори вилоятӣ ҷиҳати ошкору нобуд сохтани рустаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, амалиёти «Кӯкнор-2009» гузаронида мешавад.                         Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2009» дар вилояти Суғд» ба имзо расид.                        Мутобиқ ба ин қарор Ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2009» таъсис ва ҳайати он тасдиқ шуда, Корхонаи фаръии давлатии ҳавопаймоии Суғд вазифадор гаштааст, ки бо мувофиқаи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва раёсати корҳои дохили вилоят бо мақсади гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкор ва нобуд намудани рустаниҳои нашъаовар дар минтақаҳои душворгузар, истифодаи чархболҳоро таъмин намояд.                        Инчунин, як қатор сохторҳои қудратии вилоят муваззаф шудаанд, ки то 1 июни соли ҷорӣ нақшаҳои вобаста ба амалиёти «Кӯкнор-2009»-ро таҳия ва барои бастани роҳҳои воридот ва содироти маводи нашъовар дар ҳудуди вилоят ва аз марзи вилоят берун баровардани он, маҳалҳои ҷобаҷокунии дидбонгоҳҳои назоратӣ ва сайёрро муайян кунанд.

Май 21, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид