ЭҲТИМОЛИЯТИ ОМАДАНИ МЕДВЕДЕВ БА ТОҶИКИСТОН ҲАСТ
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назрӣ, эҳтимолияти омадани президенти Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аз сабаби он, ки корҳои тармими агрегати чоруми Сангтӯда-1 ба охир нарасидааст, рӯзи сафари президенти Россия ба Тоҷикистон алҳол маълум нест. Ҷанд рӯз пеш муовини сарвазири Россия Игор Сечин аз ҷараёни корҳои омодагии агрегати охирин (чорум)-и Сангтӯда-1 дидан кард. Агар тармими иншоот бо қарордодҳои ба имзорасида мувофиқат кунанд, сафари Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон сурат мегирад, -иброз доштааст Давлат Назрӣ. Дар ин бора рӯзҳои наздиктарин хабар дода хоҳад шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






